Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳпаймоии эътирозгарон сӯи Кохи раисиҷумҳури Яман


Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, садҳо ҷавонон бо талаби истеъфои раҳбари кишвар Алӣ Абдулло Солеҳ сӯи Кохи раисиҷумҳур раҳпаймоӣ карданд. Намоишҳои эътирозӣ дар Яман чаҳор рӯз боз идома доранд ва дар онҳо бештар донишҷӯёни донишгоҳи шаҳр фаъоланд. Рӯзи душанбе дар пойтахт ва дар шаҳри Таэз миёни мухолифини ҳукумат ва ҷонибдорони раисиҷумҳур бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он чанд нафар маҷрӯҳ шуданд.

Алӣ Абдулло Солеҳ 32 сол боз раисиҷумҳури Яман аст. Ӯ қаблан ваъда дода буд, ки дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин ин ваъдаро нокофӣ мехонанд.

XS
SM
MD
LG