Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 нафар дар низоъи миёни қочоқбарон


Дар аёлати Тамаулипас, воқеъ дар шимоли Мексика,шабонарӯзи гузашта бар асари чанд ҳамла 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамлагарони мусаллаҳ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Падилия тирпарронӣ карданд. Масъулини полис ин ҳамлаҳоро бо ҷанги миёни гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухадир бастагӣ медиҳанд, ки дар чанд сол боз дар шимоли кишвар идома дорад.

Моҳи августи соли гузашта дар ҳамин гуна як даргирӣ дар ҳамин аёлати Тамаулипас 72 нафар кушта шуда буданд.

XS
SM
MD
LG