Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ ва Зоиров такмили ҳамдигаранд


Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров

Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров

М.Кабирӣ ва Р.Зоиров ҳарду сиёсатмадорони барҷаста дар Тоҷикистон мебошанд ва дуо мекунам, ки ин ду шахсияти бузург ҳамкорй ва дӯстӣ дошта бошанд, на рақобату душманӣ, чӣ хеле ки як бародар ба номи “Точик” дар шарҳи худ гуфтааст. Мо наҳзатиҳо ҳамеша Р. Зоировро дӯст медоштем ва медорем ва дар ҳар соҳа ҲНИТ тайёр аст бо ҲСДТ ва дигар нерӯҳои солими ҷомеа ҳамкорй ва алоқаи ҳасана дошта бошад.

Аммо хохиш мекунам ба эҳсосот дода нашавед. Банда М. Кабириро хеле хуб мешиносам ва барои илми диниву дунёияш ва барои ҷуръату собитқадамияшу эътидолаш ба ӯ эҳтироми шоён қоилам.

Ҳар ки М. Кабириро хуб нашиносад, шояд баъзе мавқифҳояшро нодуруст баҳо диҳад. Вале бидон дӯстам, ки ӯ аз зиёд доду фиғон задану воҳима кардан дида, ба амали бардавом, вале собиту дур аз отифа ва эҳсосот арч мегузорад. Интихоботи гузашта имтиҳоне буд, ки М. Кабирӣ бо бахои 5 аз он гузашт. Шояд ғалат накунам, агар гӯям ки Гандӣ дар Ҳинд хамин гуна сиёсати сабру таҳаммул, вале бардавому собитро пеша карда буд.

Як чизро бояд ҳама дӯстон бидонанд, ки чӣ чиз ин қадар одамонро маҷбур мекунад, ки аз Кабирӣ ва хизбаш дифоъ кунанд, хатто дар ин сомонаи Озодӣ? Барои намуна, ман ба ин боварам, ки М. Кабирӣ шахсест, ки поку беғараз ва моро ба ояндаи дурахшон метавонад раҳнамоӣ кунад, вагарна ҳеч гоҳ ин вақти гаронбаҳоямро дар дифоъ аз мавқифхои ӯ ин ҷо намегузарондам. Бубинед, вақте ман ба арзишмеҳвари ва шӯро бовари комил дорам, мебинам ки у воқеан ҳизбро арзишмеҳвару шӯроӣ кардааст. Пас чаро соатҳо вактамро ва қудрати фикриямро ва моламро барои чунин шахси арзишмеҳвар дареғ дорам?

Ба Худо, ман М. Кабириро на барои шаклаш ва на барои шахсиятпарастӣ дӯст медорам, балки барои ин ки воқеан ӯ ғамхори миллат аст ва метавонад роҳҳои хуберо бо он ақлу фаросате, ки дорад матраҳ намояд. Бубинед, ки ҲНИТ дар муддати раҳбарии ӯ чӣ хел тақвият шуд.

Бале, баъзе бародарон беришӣ ё галстуки ӯро мебинанд, фикр мекунанд, ки у илми динии хуб надорад ва банда ҳам дар аввал ба чунин бовар будам. Вале дар чанд сӯҳбатхояш шиштам ва вақте дидам, дар ҳар саволҳои фиқҳию хоссатан муосир ҷавобҳои хело маъқулу дуруст ва бодалел медиҳад ҳайрон шудам. Ҳамон ҷавобҳоро дар китобҳои фуқаҳои муосир хонда будам ва баъди он ба фиқҳу улуми динии ӯ қоил шудам. Ӯ воқеан шахси мӯътадил ва донои асраш аст.

Хоҳиш мекунам, ки ба чунин шахсиятҳои бузург мисли Кабириву Р. Зоиров баҳои дуруст дихем ва бояд бикӯшем ки байни онҳо дӯстиву ҳамкорӣ бошад, на баръакс, зеро Кабирӣ ба танҳоӣ ё Р. Зоиров ба танҳоӣ заъифтар хоҳанд буд. Аллома Муҳаммад Иқбол мегӯяд:

Шахси қавӣ аз рабти миллат аст, танҳо чизе нест.
Мавҷ дар дарё аст, дар беруни дарё чизе нест.

Шоду муваффақ бошед.

Бо эҳтиром:
Ҷӯрахон Муртазоев аз Хуҷанд

Ин ҷавобест, ба назари як бародар дар мақолаи «Муҳиддин Кабирӣ: "WikiLeaks дуруст мегӯяд"«

Ном: тоҷик аз: исфара
13.02.2011 04:03

Кабирӣ тарсу аст!дар лаҳзаҳое ки бояд сухани худро боло кунад метарсад!Ба фикри ман, ягона номзади лоиқ ба президентӣ ин РАҲМАТУЛЛО ЗОИРОВ АСТ!зеро ӯ нотарс ҳуқуқшинос ва дар ҳақиқат олим аст!КАБИРӢ бошад дониши дунявие надораду ҷасорате низ...... бигзор ёрдамчии РАҲМАТУЛЛО БОШАД.....агар халқи тоҷик Р Зохировро президент интихоб кунад..лекин афсус ки халқи тоҷик аз дасти ин "оила"ба нагзиву ба зудӣ халос нахоҳад хӯрд...ба фикри онҳо, Тоҷикистон ба онҳо мероси мондаасту чизи хусусиашон аст...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG