Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар музоядае барои тарҳрезии барномаи экологии нерӯгоҳи Роғун, ширкати "Poyry" баранда шудааст.

Ин музояда соли гузашта баргузор шуда, дар он чаҳор ширкат – “Poyry Energy”-и Шветсария, “Foster Wheeler” ва “Sterling International Group”-и Амрико ва “Associates Ltd”- Ҷопон ширкат доштанд.

Тарҳрезии барномаи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро консорсиюми байналмилалии иборат аз се ширкат - “Coyne et Bellier Consulting Enggineers"-и Фаронса, "Electroconsult" -и Итолиё ва "IPA Energy Water Consulting"-и Бритониё ба ӯҳда доранд.

Ҳазинаҳои тарҳрезии барномаи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ хоҳад кард.

Агар натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ ва фанниву иқтисодӣ ба нафъи Тоҷикистон тамом шавад, дар он сурат Бонки Ҷаҳонӣ муваззаф аст, барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун консорсиюми байналмилалӣ ташкил ва сармоягузор пайдо кунад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон
Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, иқдоми ахири Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди радди тақозои Узбакистон дар бораи баргузории ташхиси зистмуҳитии Роғун аз сӯи ин кишвар, гувоҳи алоқамандии Бонки Ҷаҳонӣ дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳ аст.

Ҷаноби Сафаров афзуд, “Роғун ин давои бисёре аз дардҳои минтақа аст. Барои мисол, барқи арзон барои коҳиши мизони камбизоатӣ дар минтақа ва барқи аз лиҳози зистмуҳитӣ тоза тавлидшуда метавонад мавқеи нерӯгоҳҳои ҳароратӣ дар минтақаро камранг карда, фазоро олуда накунад. Агар Бонки Ҷаҳонӣ ин меъёрҳоро дар назар дорад, пас, ин бонк алоқаманди сохтмони нерӯгоҳ бояд бошад.”

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, барномаи фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғунро то соли 2012 ба поён хоҳад расонид.

Аммо ба эътиқоди Абдуғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, тарҳрезии барномаи зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи ширкати маъруфи шветсариягӣ ба иддаоҳои Узбакистон монеа шуда наметавонад.

Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, метавонад Русияро мутақоид созад, ба ин далел ки тарҳи экологии аксар нерӯгоҳҳои ин кишвар аз сӯи ширкати бонуфузи Пойри Энержии Шветсария барномарезӣ шудааст.

Таҳлилгари умури сиёсӣ Абдуғанӣ Мамадазимов
Ҷаноби Мамадазимов гуфт: “То замоне ки навбати аввали нерӯгоҳи Роғунро ба истифода надиҳем, гурӯҳҳои алоқаманд дар Узбакистон аз номи ҳукумат ва ё ҷунбиши экологии Узбакистон иддаоҳои худро ироа мекунад. Вале замоне ки навбати аввали ин нерӯгоҳ ба истифода дода шуд ва бебозгаштии ин раванд собит шуд, Узбакистон барои истифода аз захираҳои оби мо барои обёрӣ бо мо ба гуфтугӯ хоҳад нишаст.”

Бино ба гуфтаи мутахассисон, тибқи нақша баландии садди оби Роғун 335 метр буда, дар он шаш агрегат насб хоҳад шуд, ки тавони он ба 3,6 ҳазор мегаватт дар сол баробар хоҳад буд.

Ба гуфтаи мутахассисон, барои анҷоми корҳои давраи аввал, яъне мавриди истифода қарор додани ду агрегат ҳудуди 700 миллион доллар зарур аст, ки давлат дар ин авохир ба маблағи ҳудуди 200 миллион доллар саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба мардум фурӯхтааст.

Қарор аст, дар соли 2013 ду агрегат васл ва мавриди истифода қарор бигирад. Мақомот мегӯянд, корҳои барқарокунии сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ идома дорад ва давлат дар соли ҷорӣ барои идомаи ин корҳо ҳудуди 850 миллион сомонӣ ихтисос додааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG