Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насби се парчам дар курраи тахаюлии Миррих


Баъди ҳашт моҳи инзиво, гурӯҳи байналмилалии пажӯҳишгарон гӯё дар курраи Миррих фуруд омаданд. Олимон мехоҳанд, аз роҳи ин озмоиши 520 рӯза, ки дар ҳошияи шаҳри Маскав идома дорад, бидонанд, инсон чӣ гуна ба фишорҳои сафари тӯлонӣ ба Миррих тоб меорад. Дар ин озмоиш шаш довталаб, яке аз Чин, дигарӣ аз Фаронса, саввумӣ Итолиё ва се нафар аз Русия, аз ҷумла Сӯҳроб Камолов, ки зодаи Тоҷикистон аст, ширкат мекунанд. Дирӯз се нафар аз онҳо, дар курраи Миррихи тахаюлӣ фуруд омада ва парчамҳои Русия, Чин ва Оҷонси Кайҳоншиносии Аврупоро рӯи он барафрохтанд.
XS
SM
MD
LG