Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон


Эътирозгарон дар кӯчаҳои Теҳрон

Эътирозгарон дар кӯчаҳои Теҳрон

Ҳазорон нафар дар Теҳрон ба нишони ҳамраъйӣ аз қиёмҳои мардумӣ дар Мисру Тунис раҳпаймоӣ кардаанд.

Аммо маъмурони амниятии Эрон бо истифода аз гази ашковар ва тирандозӣ ба ҳаво, тазоҳургаронро пароканда карда, роҳҳоеро, ки ба майдони "Озодӣ" - маҳалли аслии тазоҳурот мебурд, бастанд.

Як донишҷӯи эронӣ ва шоҳиди тазоҳурот ба Радиои Озодӣ гуфт, тазоҳургарон зиёд буданд ва ба расидани шом теъдоди онҳо меафзуд.



Дар тазоҳурот ҳам марду зан ширкат доштанд ва алайҳи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон шиор медоданд. Яке аз шиорҳояшон "Марг бар диктатор" буд.

Дар вебсайти Ютюб ҳам наворҳои зиёде аз раҳпаймоиҳо дар Теҳрон нашр шудааст, ки дар онҳо мардум шиор медиҳанд, то маҳбусони сиёсӣ аз зиндон озод карда шаванд.



Дар навор мебинед, ки тазоҳургарон як узви Басиҷ, як гурӯҳи вафодор ба рӯҳониёни муҳофизакори Эронро мекӯбанд, ки режими ҷумҳурии исломӣ дар саркӯбии тазоҳуроти мухолифин умдатан аз нерӯи онҳо истифода мекунад.

Пеш аз шурӯи тазоҳурот дар Теҳрон, маъмурони амниятӣ, нагузоштанд, то Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, раҳбари мухолифини Эрон аз хонаҳояшон берун шаванд ва ба тазоҳургарон бипайванданд.

Бино ба гузоришҳо иртиботи телефонӣ низ бо хонаҳои онҳо бурида шудааст, то натавонанд, бо дигар намояндаҳои мухолифин иртибот дошта бошанд. Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ расман хоста буданд, то мақомот барои раҳпаймоӣ бо нишони ҳамраъйӣ бо қиёмҳои мардумӣ дар Тунис ва Миср ба онҳо иҷоза бидиҳанд.



Ба гузориши торнамоҳои мухолифини Эрон, зимни раҳпаймоиҳои дирӯза, даҳҳо нафар боздошт шудаанд. Хабаргузории нимарасмии "Форс" гузориш додааст, ки дар ҷараёни тазоҳурот як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳилларӣ Клинтон аз ончӣ, ки орзуву ормонҳои мардуми Эрон хонд, ҳимоят кард
Хабаргузории "Форс", ки тобеи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аст, Гурӯҳи муҷоҳиддини Халқ ва Ҷунбиши Сабзи Эронро масъули тирандозӣ хондааст.

Тазоҳурот на танҳо дар Теҳрон, балки дар шаҳрҳои Шероз ва Исфаҳон низ сурат гирифтааст ва чунин тазоҳуроти бузург, баъд аз тазоҳуротҳои азими соли 2009, ки Эронро ба ларза овард, то кунун мушоҳида нашуда буд. Дар Амрико Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ин кишвар аз ончӣ, ки орзуву ормонҳои мардуми Эрон хонд, ҳимоят кард.

Ӯ дар нахустин вокуниши мустақими худ нисбат ба рӯйдодҳои рӯзи душанбе дар Эрон гуфт: "Ончӣ ки дар Эрони рӯй медиҳад, шаҳодате бар шуҷоати эрониён ва иддаономаи риёкорӣ ва дурӯягии режими Эрон аст. Режиме, ки тайи се ҳафта гузашта мудом аз рӯйдодҳои Миср истиқбол мекард ва акнун дар фурсате, ки барои мардумони худашон ҷиҳати эъмоли ҳамон ҳуқуқ фароҳам омадааст, бори дигар табиати воқеии худро нишон медиҳад."

Ҳилларӣ Клинтон афзуд, режими Эрон бори дигар бо такя ба хушунат ва нерӯҳои амниятӣ мардуми худро аз ҳаққи ибрози озоди андеша маҳрум мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG