Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти Эрон як нафар кушта шудааст


Дар Эрон маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани ҳазорон тазоҳургар аз хиёбонҳои Теҳрон аз гази ашковар истифода кардаанд. Ба гузориши хабаргузории нимарасмии Форс дар ҷараёни тазоҳурот як нафар кушта шудааст. Бо даъвати раҳбарони мухолифини Эрон дирӯз садҳо нафар бо нишони ҳамраъйӣ бо қиёмҳои мардумӣ дар Мисру Тунис ба хиёбонҳои Теҳрон ва чанд шаҳри дигар рехтанд. Мақомоти Эрон, раҳпаймоиро мамнӯъ карда буданд. Доир ба тазоҳурот дар шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз ва Кирмоншоҳ гузориш шудааст. Дирӯз нерӯҳои амниятӣ, хонаи Мирҳусайни Мӯсавӣ, раҳбари мухолифини Эронро муҳосира карда нагузоштанд, то ӯ дар тазоҳурот ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG