Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои олии Миср хостори поён додан ба тазоҳурот шуд


Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср аз ҳазорон тан аз коргарони давлат хост, то ба эътирозу коршиканӣ хотима диҳанд. Дирӯз ҳазорон тан аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ бо дархости афзоиши музди кор ва шароити беҳтар дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира тазоҳурот карданд. Майдони мазкур маркази тазоҳуроти 18 рӯза буд, ки Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Мисрро водор ба истеъфо кард. Садҳо тан аз корманди пулис ба ин майдон баргашта ва ҳамраъйии худро бо қиёми мардумӣ нишон доданд.
XS
SM
MD
LG