Пайвандҳои дастрасӣ

Додхоҳии паноҳҷӯёни ӯзбак дар Қазоқистон


Ҳамсарони 29 паноҳҷӯи ӯзбак, ки дар Қазоқистон боздошт шудаанд, аз ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолиф хостаанд, дар ҳалли мушкили онҳо мусоидат кунанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ 29 паноҳҷӯи ӯзбак аз моҳи июн то кунун дар боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Қазоқистон ҳастанд ва Ӯзбакистон мехоҳад, онҳоро ба кишвар истирдод шаванд. Дар Ӯзбакистон ин афродро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Ҳамсаронашон мегӯянд, дар сурати бозгашт ба Ӯзбакистон онҳо зиндонӣ ва ё шиканҷа хоҳанд шуд. Аҳзоби мухолифи Қазоқистон ба ин занон ваъда додаанд, ки масъалаи онҳоро бо мақомот дар миён хоҳанд гузошт. Талоши ин занон барои кӯмакхоҳӣ аз ҳизби ҳокими Нур Отани Қазоқистон натиҷа надодааст.
XS
SM
MD
LG