Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду фаъоли мухолифин дар Белорус


Пулис дар Ҷумҳурии Белорус ду ҷавонеро боздошт кардааст, ки варақаҳоеро бо даъвати раҳоии фаврии фаъолони мухолифин аз боздошт паҳн мекарданд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, Надзея Крапивина ва Вераника Лемяновская рӯзи якшанбе дастгир шудаанд. Модари яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пулис хонаи онҳоро ҷустӯҷу ва варақаҳоеро мусодира кардааст, ки дар он раҳоии Змитсер Дашкевич, раҳбари созмони Ҷабҳаи ҷавонон талаб шудааст. Ин фаъоли мухолифинро ба авбошӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG