Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ мулоқоти раҳбарони араб баргузор мешавад


Ироқ бори аввал дар ду даҳсолаи ахир мизбони мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Ҷомеаи Араб хоҳад буд. Лобид Аббавӣ-муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ гуфт, 29-ӯми март рӯзи баргузории ин мулоқот дар Бағдод таин шудааст. Вай афзуд, интизор меравад, ки мулоқоти мазкур ду рӯз давом кунад. Ин мулоқот барои ҳамгероии Ироқ бо ҷаҳони араб муҳим аст ва дар марҳалае баргузор мешавад, ки кишварҳои минтақа, ба вижа Мисру Тунисро тазоҳуроти эътирозӣ фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG