Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости кӯмаки занон барои шавҳарони зиндониашон


Занони 29 нафар паноҳҷӯёни узбак барои кӯмак ба шавҳарони боздоштшудашон ба ҳизбҳои мухолифи давлат ва ба Ҳизби Нур-Отани раиси ҷумҳур муроҷеа карданд. Шавҳарони онҳо аз моҳи июни соли гузашта дар боздоштгоҳи муқаддамотии Амнияти Миллии Алмаато нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомоти Узбакистон истирдоди онҳоро тақозо кардаанд, вале боздоштшудагон ва хонаводаҳои онҳо мехоҳанд дар Қазоқистон мақоми паноҳҷӯро ба даст оранд. Мақомоти Узбакистон онҳоро ба тундгароии исломӣ муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG