Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари зистмуҳитии Қазоқистон номзади президентӣ мешавад


Мелс Элюсизов-раҳбари Шӯрои зистмуҳитии Қазоқистон гуфтааст, вай номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон пешбарӣ хоҳад кард, бо вуҷуди он, ки ба пирӯзии худ бовар надорад. Вай ин нуктаро дар нишасти хабарие дар Бошгоҳи матбуотии Алмаато ба рӯзноманигорон изҳор доштааст. Элюсизов дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин аз аҳзобе интиқод кард, ки интихоботи зудраси раёсати ҷумҳуриро ба интиқод гирифта буданд. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон барои 3-юми апрел эълон шудааст, вале баъзе ҳизбҳо онро бойкот эълон кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократии Азат ин интихоботро 12-ӯми феврал бойкот кард. Ин ҳизб мегӯяд, то 3-юми апрел вақт барои маъракаи муассири интихобтӣ маҳдуд аст.
XS
SM
MD
LG