Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Теҳрон аз раҳпаймӣ пешгирӣ карданд, задухӯрд рух дод


Шоҳидони айнӣ мегӯянд, имрӯз нируҳои амниятии Эрон аз раҳпаймоии садҳо нафар ба сӯи майдони Озодии Теҳрон пешгирӣ кардаанд. Раҳпаймоён бад-ин тартиб мехостанд ҳимояти худ аз тазоҳуроти эътирозии Миср ва Тунисро нишон диҳанд. Гурӯҳҳои эътирозгарон ҳамчунин дар майдонҳои дигари шаҳр, аз қабили Ҳафти Тир, хиёбони Каримхон, майдони Фирдавсӣ, хиёбони Ҳофиз низ ба чашм мерасиданд. Дар наздикии майдони Инқилоби Теҳрон дар маркази пойтахт миёни раҳпаймоён ва нируҳои амниятӣ даргирӣ рух додааст. Бино ба гузоришҳо, дар маркази шаҳри Исфаҳон низ садҳо нафар тазоҳуркунанда гирдиҳам омадаанд.
XS
SM
MD
LG