Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Ходорковский фармоишӣ буд


Ёвари қозии додгоҳи Маскав, ки Михаил Ходорковскийро маҳкум ба зиндон карда буд, мегӯяд, аз “боло” ба қозии додгоҳ фишор оварданд, ки Ходорковский бояд муттаҳам ва ба зиндон кашонда шавад. Қозии додгоҳ Виктор Данилкин моҳи декабр Ходорковскийро маҳкум ба зиндон кард. Ходорковский-раҳбари собиқи ширкати нафтии Юкос барои шустушӯи пул ва тороҷи дороии давлатӣ то соли 2017 маҳкум ба зиндон шудааст. Наталия Василева-ёвари қозии додгоҳ дар мусоҳибае бо сомонаи интернетии “газета.ру” ва шабакаи телевизионии Дожд гуфт:

“Шаку шубҳаи ман аз шунидаҳоям дар коридорҳо сарчашма мегирад. Ман шунидам, одамоне, ки бо қозии додгоҳ наздик буданд, мегӯянд, ки парввандаи Ходорковский дар додгоҳи шаҳрии Маскав навишта шудааст. Ҳамаи ин кор дар саросемагӣ анҷом гирифтааст, хеле зуд ва Данилкин наметавонист бо ин парванда коре кунад”.

Вале Данилкин ин гуфтаҳоро билофосила “бӯҳтон” арзёбӣ кард. Ҷонибдорони Ходорковский мегӯянд, вай барои мухолифаташ бо Владимир Путин-нахуствазири Русия муҷозот шудааст.
XS
SM
MD
LG