Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони Таҳрир аз охирин тазоҳуркунанда пок шуд


Имрӯз полиси Миср майдони Таҳрири Қоҳираро аз ахирин тазоҳуркунанда пок кард. Ин майдон маркази тазоҳуроти эътирозии 18-рӯза дар Миср буд. Рӯзи якшанбе Шӯрои Олии Низомӣ зимоми қудратро ба даст гирифт ва эътибори Қонуни Асосиро боздошт. Шӯрои Олии Низомӣ мегӯяд, ки дар шаш моҳи оянда то замони баргузории интихоботи порламонӣ ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ раҳбарии Мисрро бар ӯҳда хоҳад дошт. Ин тасмим сокинонро қонеъ сохтааст. Ҳасан Алайдӣ-сокини Қоҳира ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

“Он чӣ фармондеҳии олии низомӣ тасмим гирифтааст, он аст, ки пешнависи Қонуни Асосиро таҳия ва таҷаммуи мардумро пароканда ва порламонро мунҳал кунад, то ки зиндагии нав бо болтарин арзишҳои озодӣ оғоз ёбад”.

Ҳуснӣ Муборак рӯзи ҷумъа аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо дод ва зимоми қудрат ба дасти низомиён даромад.
XS
SM
MD
LG