Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои тиббӣ барои ниёзмандон дар ағбаи Шаҳристон


Хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, ширкати “Hope” ё “Умед” ба арзиши 998 000 доллар кӯмакҳои тиббии башардӯстонаро ба вилояти Суғд интиқол додааст. Дар ин бора раиси хадамоти беҳдоштии вилоят иттилоъ додааст. Ба ин кӯмакҳо 48 номгӯи доруҳову таҷҳизот ворид мешавад. Бахше аз ин кӯмакҳо ба ду маркази ёрии тиббӣ ба ноҳияҳои Айниву Шаҳристон фиристода мешавад, то ин ноҳияҳо дар мавориди зарурӣ дар ҳодисаҳои табиӣ битавонанд ба ниёзмандон дар ду тарафи ағбаи Шаҳристон ёрӣ расонанд.
XS
SM
MD
LG