Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Эрон пешниҳоди хариди уранро надодааст


Мақомот иддаои расонаҳои Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи истихроҷи уранро бепоя хондаанд.

Онҳо мегӯянд, баръакс, дархости Русия дар мавриди ҳамкорӣ дар ин заминаро дарёфт намуда ва пешниҳодоти худро барои аз саргирии кор дар заминаи тавлиди уран ба Русия ироъа карада ва интизори тасмими ҷониби Маскав дар ин замиина ҳастанд.

Чаро ин ҳама ҳангома?

Ахиран расонаҳои Русия бо нашри матолибе аз тамоюли Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши истихроҷи уран хабар додаанд. Дар соли 1991 дар остонаи ҷанги дохилиии Тоҷикистон низ матбуоти Русия бо нашри чунин матолибе маҳофили байналмилалиро аз эҳтимоли дастёбии Эрон ба урани Тоҷикистон тарс дода буд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, доман задани баҳси урани Тоҷикистон ба сафари раисиҷумҳури ин кишвар ба Эрон марбут мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ёфтани ҳамкорон ва сармоягузорон барои баҳрабардорӣ аз захираҳои худ, аз ҷумла аз манобеъи ураниюм ҳастанд. Вале аз ҷониби Эрон дар ин замина пешниҳоде дарёфт накардаанд.

Азим Иброҳим, раиси саридораи «Геологияи тоҷик» мегӯяд, баръакс худи ҷониби Русия барои чунин ҳамкорӣ пешниҳод ироа дода ва Тоҷикистон низ посухи мусбат ба он додааст. Ва ҳамчунон интизори тасмими Русия мебошад. Оғои Иброҳим мегӯяд: «Мо бо ҷониби Эрон ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаи заминшиносӣ дорем, аммо то кунун ягон маротиба дар заминаи ҷустуҷӯ ё истихроҷи уран аз ҷониби ҳамкорони эронии мо пешниҳоде нашудааст. Баръакс аз сӯи мақомоти Русия пешниҳод шуда буд ва мо маълумотеро дар ихтиёри онҳо қарор додем, ки дар сурати мувофиқат ба ҳамкориҳо шурӯъ кунем».

Азим Иброҳим мегӯяд, дар шароити низоми ҳуқуқии дунёи, имрӯз ҳар коре, ки дар робита ба коркарди уран сурат мегирад, бояд шаффоф ва таҳти назорат бошад. Ва агар Тоҷикистон чунин ҳамкориеро оғоз кунад, ба гуфтаи оғои Иброҳим ҳатман таҳти шароити қавонини байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт ва ҳеҷ тарафе набояд аз ин ноҳия нигарон бошад. Зеро дар шароити имрӯз коркарди уран ба сурати пинҳонӣ сурат гирифта наметавонад.

Молики 13 дарсади захираи урани дунё

Тоҷикистон тибқи бархе ҳисобҳо, ки то кунун тайид нашудааст, то 13 дарсади захираи урани дунёро дар ихтиёр дорад. Ин албатта тайид ва ҷустуҷӯ мехоҳад, аммо ҳақиқате, ки собит шудааст, ин аст, ки дар воқеъ Тоҷикистон аз чунин манбае саршор аст. Ва баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум то соли 1991 ҳамасола ҳудуди 1 миллион тонна хокаи ураниюм коркард ва аз он оксиди уран мегирифт. Ва гуфта мешавад, маводи нахустин бомбаи атомии шӯравӣ низ дар корхонаи коркарди уран дар шимоли Тоҷикистон тавлид шудааст. Силсилаи коргоҳҳои вобаста ба корхонаи коркарди уран дар шаҳри Чкаловски Тоҷикистон дигар уран тавлид намекунад. Аммо шароити лозим ва имконот барои аз саргирии тавлиди уран дар ин корхона ҳамчунон фароҳам аст. Он танҳо ба сармоягузорӣ ниёз дорад.

Коҳи кӯҳнаро бод медиҳанд

Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки чаро масъалаи урани Тоҷикистон, ки бист сол ба ин сӣ тавлид намешавад мавриди баҳс ва таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Ва онро расонаҳо, хоса матбуоти Русия доман мезанад.

Таҳлилгарон ва бархе мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки ҳадаф аз чунин навъи матраҳ намудани масъала, хадшадор ва ё шубҳанок нишон додани чеҳраи Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои манфитадор аст. Худойбердӣ Холиқназаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва мудири шӯъбаи Маркази робитаҳои байналмилалӣ дар маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳҳои манфиатдор матраҳ кардани ин баҳсро дар остонаи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон фурсати муносиб донистан ва даст ба он заданд. Ӯ мегӯяд: «Он чӣ ки дар матбуот ва шабакаи интернетии Русия нашр шудааст ғаразолуда аст. Шояд ба хотири он бошад, ки раиси ҷумҳури мо мехоҳад ба наздики ба Эрон сафар кунад ва ҳама медонанд, ки Наврӯзи имсол дар Эрон таҷлил хоҳад шуд ва шояд ин барои баъзе ҷонибҳо нофорам бошад».

Дар ду соли пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки захираҳои ураниуми Тоҷикистон таҳқиқ ва ошкор сохта шавад. Ва барои баҳрабардорӣ аз он, ҷонибҳои манфиатдор ва сармоягузор ҷалб шаванд. Аммо мувофиқи қонунҳои ҷорӣ, то ҳанӯз ҳам коркарди уран тавассути корхонаҳои давлатии дохилӣ имкон дорад. Як шарти ҷалби сармоягузорӣ шояд ислоҳи ин шароити қонунгузорӣ бошад.

Хатари радиоактивҳо побарҷост

Дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон дар қадами аввал коркарди дубораи партовгоҳҳои радиоактив дар шаҳру навоҳии Адрасмон, Табошар, Деҳмой ва Ғафурови вилояти Суғд, ки миқдори умумиаш 55 миллион тонна аст муҳим мебошад. Дар он сурат, хатари радиоактив ба минтақа низ коҳиш хоҳад ёбад.

Аз соли 1937 дар шимоли Тоҷикистон шаш корхонаи хурди тавлиди ураниюм фаъол буд. Он замон уран бо усули дастӣ тоза карда мешуд. Пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар ин корхонаҳо асирони нерӯҳои Олмон ва зиндониёни даврони Шӯравӣ кор мекарданд. Баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, дар ин шаҳр як комбинати бузурги тавлиди ураниюм шурӯъ ба кор кард ва шаш корхонаи қаблӣ аз кор монд.

Баъди фурӯпошии Шӯравӣ комбинати «Востокредмет» низ ба далели қатъи сармоягузории Русия аз фаъолият монд. Вале 50 миллион тонна партови ҳастаии замони Шӯравӣ то ба ҳол ба муҳити зист ва саломатии мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG