Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ҳукумати низомӣ дар Миср изҳори қаноат мекунанд


Ҳукумати низомӣ дар Миср ба фаъолият шурӯъ кардааст ва раҳбари ин ҳукумат, яъне Шӯрои Олии Низомӣ мегӯяд, ки дар шаш моҳи оянда то замони баргузории интихоботи порламонӣ ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ раҳбарии Мисрро бар ӯҳда хоҳад дошт. Эътибори Қонуни Асосӣ муттаваққиф шудааст. Ҳасан Алайдӣ-сокини Қоҳира ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

“Он чӣ фармондеҳии олии низомӣ тасмим гирифтааст, он аст, ки пешнависи Қонуни Асосиро таҳия ва таҷаммуи мардумро пароканда ва порламонро мунҳал кунад, то ки зиндагии нав бо болтарин арзишҳои озодӣ оғоз ёбад”.

Баъд аз 18 рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ, ки бо истеъфои Ҳуснӣ Муборак аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ анҷомид, низомиён идораи умурро дар ин кишвар ба даст гирифтаанд. Шӯрои Олии Низомӣ мегӯяд, кумиссиюни вижа ташкил медиҳад ва дар дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид мекунад. Ин шӯро қавл додааст, ки ин тағирот дар райпурсии ҳамагонӣ қабул хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG