Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандони "парвандаи Исфара" ба президент муроҷеа карданд


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, хешовандони афроди ба истилоҳ “парвандаи Исфара” зимни номае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост кардаанд, ки барои расидагии дубора ба ин парванда ёрӣ расонад. Соли 2009 тибқи ин парванда 31 нафар аз 8 то 21 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Дар зери ин дархости дастаҷамъӣ 26 нафар имзоҳои худро гузоштаанд. Умед Ваҳобов-бардари Ғаниҷон Ваҳобов, ки 11 сол зиндонӣ шудааст, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ин номаи дасстаҷамъӣ 29-ӯми январ ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG