Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мумкин аст Ҳилларӣ Клинтон аз Тоҷикистон боздид кунад


Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон ба Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз имкони боздиди Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико аз Тоҷикистон хабар додааст. Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, сафири Амрико ба оқои Зарифӣ дар ин бора дар мулоқоти ахири ҳафта хабар додааст. Сафир гуфтааст, мумкин аст дар соли 2011 Ҳилларӣ Клинтон аз Тоҷикистон боздид кунад. Дар мулоқоти вазири Тоҷикистон бо сафири Амрико густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои миёни маҳофили тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG