Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷори Кобул 2 нафар кушта шуд


Полиси Кобул гуфт, дар инфиҷоре дар даромадгоҳи маркази тиҷоратӣ ва меҳмонсаро ду посбон кушта шудаанд. Земарай Башарӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон ба матбуот гуфт, як ҳамлакунанда худро замоне мунфаҷир сохтааст, ки дар даромадгоҳ посбонон вайро барои бозрасӣ нигаҳ доштаанд. Вай изҳор дошт, ки ҳамлакунанда танҳо як нафар будааст. Дар хабарҳои қаблӣ шумораи ҳамлакунандагон ду нафар омада буд. Баъд аз инфиҷор садои тирандозӣ низ ба гӯш расидааст.
XS
SM
MD
LG