Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯрӣ Каримов: “Ман ҳанӯз сафед нашудаам”


Ҳодисаҳои февралии соли 1990 дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи «Баҳманмоҳи хунин» ёд мешавад.

Насли ин замон хуб ёд доранд, ки дар пайи овозаи хона додан ба арманиҳои аз зилзила зарардида, садҳо нафар сокини Душанбе бо нишони эътироз ба хиёбонҳо рехтанд. Талаби эътирозгарон ин буд, ки онҳо солҳои тӯлонӣ дар навбат ҳастанд, вале наметавонанд, хона бигиранд, аммо ҳукумат ба арманиҳои аз зилзилаи дар Арманистон зарардида дар ин ҷо соҳиби хона медиҳад. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дошт, то ҳол номаълум аст. Ҳарчанд, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусалмонони шӯравӣ зимни як мусоҳибаи худ гуфта буд, ки гурӯҳе аз арманиҳо воқеан омада буданд, вале пас аз эътирози мардум ба кишварашон бозпас гардонида шуданд. Аммо кӣ
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода
ва ё кадом гурӯҳе ин сокинонро таҳрик дод, то ба хиёбон бароянд? То ҳанӯз ин суол посухи рӯшан надорад. Бархе бар ин назаранд, ки ин гурӯҳро озариҳо, ки дар масъалаи Қарабоғи кӯҳи бо Арманистон мушкил доштанд, дар масҷидҳо баромада намуда, мардумро зидди арманиҳо шӯрониданд.

Иддаи дигар ин корро амали таҳрезишудаи КГБ-и шӯравӣ медонанд, ки барои аз байн нарафтани худ, дар кишварҳои гуногун амалӣ менамуд. Аммо баъзеи дигар мегӯянд, ин кори гурӯҳои исломӣ буд, ки ба тозагӣ бедор шуда буданд. Баъзеи дигар «Баҳманмоҳи хунин»-ро ба души «мансабхоҳони» дохилӣ бор мекунанд. Аз ҷумла, Қаҳор Маҳкамов, аввалин президенти Тоҷикистон дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, ки ин кори нафарони мансабталошон буд. Ӯ аз нафари мушахасе ном набурд, аммо маълум аст, ки он замон чанд нафар бо чунин иттиҳом аз вазифа барканор шуданд, аз ҷумла Бурӣ Каримов, муовини сарвазири Тоҷикистони Шӯравӣ.

Рӯзи сеюми эътирозҳо дар назди бинои ҳукумат (СЕКА) сӯи мардум тир парронда шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва беш аз 150 нафари дигар маҷрӯҳ гашт. Бурӣ Каримов, собиқ муовини сарвазир ва огаҳ аз ҳодисаҳои «Баҳманмоҳ», дар як гуфтугӯи телефонӣ дар посух посух ба иддаои ахири Қаҳҳор Маҳкамовро гуфт:

Ҷавоб: Намедонам, ки чаро Маҳкамов то ҳанӯз ҳақиқатро намегӯяд. Дар бораи сабаҳои сар задани «Баҳман» ба назарам садҳо нафар мутахассисон андешаҳои худашонро гуфтаанд ва нишон доданд, ки сабагори аслии ин ҳодисаҳо киҳо ва чиҳо буданд. Мутаасифона, Қаҳор Маҳкамов рӯзе зиндагиро падруд мегӯяду қоил намешавад, ки махсус бо сабаби сустии ҳамин шахсият, ҳамин роҳбар, бо сабаби ризо шуданаш (сукути чанд солааш аломати ризост) ҳамон шабу рӯз хуни ноҳақ рехт. Хуни ноҳақе, ки дар гардани ҳамин мардаку ду се роҳбарҳои он рӯза ҳаст. Бубинед, ки гунаҳкор кофтан аз ҳама кори осон аст. Он вақт ман ва чандин дигарон бо ҳамин ҳодисаҳо ягон муносибат надоштем ва аз саршавиаш ҳам бехабар будем. Мо дар теғаи ҳамин ҳодисаҳои сиёсӣ ногаҳон пайдо шудем. Аз сӯи дигар бигирем ба чунин низоъ кашидани шаҳрвандони мо аз сатҳи пасти зиндагашон ҳам вобаста буд (Яъне, барои манзили зист). Ҳоло бубинед, ки дар кишварҳои арабӣ сатҳи пасти зиндагӣ мардумро маҷбур кардааст, то роҳбарони худро барканор кунанд. Сабаби дигараш забон буд, ки мардум даъвои давлати шудани онро дошт. Сабаби аз фарҳангу таърих дур шуданамон низ буд. Маҳкамов ҳамаи инҳоро ба инобат гирифта сухан намегӯяду як чизҳои побарҳаво мегӯяд. Ва тавре худро нишон медиҳад, ки гуё заррае гуноҳ надорад. Танҳо гуё дигарон гунаҳкоранд. Дар асл мӯҳтарам Маҳкамов, Ҳаёев, Паллаев се нафаре ҳастанд, ки бояд барои рехтани хуни ноҳақ ҷавоб бигӯянд, вале то ҳоло ҷавоб нагуфтаанд. Хоҳанд нахоҳанд, ин
хуни ноҳақ пеш аз ҳама дар гардани онҳост.

Суол: Бубинед, ки чунин ҳарфҳо, ба гуфтаи шумо тӯҳмат, пас аз ин ҳодиса дар нисбат ба шумо ва чанд нафари дигар ҳам садо медод. Мардум ба хиёбон шуморо барои гуфтугӯ даъват мекард, вале пас аз ин шуморо ба гунае гунаҳкор дониста аз вазифа ҳам барканор карданд. Шумо он замон ва ҳоло барои бегуноҳии худ чӣ далел доред?

Ҷавоб: Якум далелаш ин аст, ки мардуми дар майдонҳо рехта ягон нафараш маро гунаҳкор накардааст. Ҷуз Маҳкамову чанд пайраваш дар пленум. Дуюм, исботаш ҳамин аст, ки додгоҳу додситониву КГБ-и ҳамонвақтаи Тоҷикистону Шӯравӣ маро гунаҳкор надонистанд ва баръакс хати бегуноҳӣ ба ман доданд, ки ман дар ҳодисаҳои баҳмани ҳамонвақта ягон гуноҳ надорам. Дафтари аъмоли маро варақ заданд, чизе пайдо накарданд. Вале кӯшиш ба харҷ доданд, ки аз ман гунаҳкор бисозанд. Ман ҳам мехостам худро сафед кунам ва чанде дар паи сафед шудан ҳам шудам, вале дидам, ки дар кишвари мо адолат пойдор нест ва ҳама дар коғаз асту ҳама дурӯғ аст. Ҳоло, ки замони дигар аст ва роҳбар ҳам дигар аст, тарсиданд, ки маро сафед кунанд. Ҳарчанд, ваъда доданд, вале Шӯрои олӣ гуфт, ки ин кори Суди олӣ ҳаст, ин гуфт, ки кори ноҳия аст, ноҳия гуфт, ин кори ҷумҳурӣ аст ва ба ҳамин ман дармондам. Ҳамин тавр чунин хулоса шуд, ки масъалаи сафед кардани ман дар Тоҷикистони азиз ҳаллу фасл намешавад. Яъне, ман ҳамчун шахсият қоил шудам, ки адолати судӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад ва ҳама аз ҳамдигар меҳаросанд ва танҳо як нафарро нигоҳ мекунанд ва ҳама корро аз номи ӯ мекунанд. Ҳарчанд, боварӣ дорам, ки нафари аввали кишвари имрӯзаи мо нисбати ман ягон ғараз надорад. Лек дар зинаҳо гуногуни идорӣ метарсанд, ки маро сафед донанд, ба ногаҳ кадом роҳбаре меранҷад. Вагарна сафед кардани ман маънои онро дошт, ки дар кишвар воқеан адолат пойдор аст.

«Маҳкамов аз гапи Пуго берун нарафт»

Суол: Қаҳҳор Маҳкамов дар мусоҳибаи ахири худ, ёддовар шудааст, ки аз ин ҳодиса Кумитаи амниятӣ Шӯравӣ хабар дошт, вале барои пешгирӣ чорае наандешиданд, зеро онҳоро харида буданд. Ба андешаи шумо чаро Маҳкамов инро пештар намегуфт?

Ҷавоб: Ин чизро барои чӣ пеш намегуфт? Барои он, ки ӯ ҷоннисори партияву ҳукумати ҳамонвақта буд ва амру фармони Маскавро иҷро мекард. Чаро ин чизҳоро ҳамон вақт нагуфт? Яъне, ки ҳозир бо шарофати бисёре аз он озодихоҳон, истиқлолиятхоҳон мо сазовори истиқлолу озодӣ гаштем,
акнун вай забон дароз мекунад, ки гӯё медонистанду дигару дигар. Ҳамон вақт бечора як парешонхотиру дармондаҳолу нотавонбину, умуман ба шахсият ҳам монанд набуду ба роҳбар ҳам ва чи кор карданашро намедонист. Он вақт агар ба таври бояду шояд аз вазифа даст мекашид, на дар «баҳман» хуни ноҳақ мерехту мумкин аст, ки дар ин солҳои баъдӣ ҳам ин қадар хуни ноҳақ рехта намешуд. Ба такрор мегӯям, ки гунаҳкори асосии ҳодисаҳои баҳман роҳбарони онрӯзаи кишвари мо ҳастанд. На мардуми оддиву на он нафароне, ки онҳоро Ҳизби коммунист гунаҳкор донист. Мо ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам аз нуктаи назари ислому имону виҷдон исбот кардаем ва метавонем исбот кунем, ки мо гуноҳ надоштем. Ҳарчанд, гуноҳҳои хӯрдакаке дар рафторҳои баъдинаи мо вуҷуд дошт, ки мо натавонистем нотарсона худамонро ҳимоя кунем. Ин ҳам бо сабаби он буд, ки система он қадар боқувват буд, ки метавонист моро чун зарае хоки по созад. Ба ҳар ҳол ман кӯшиш мекардам, ки ҳақиқатро гӯям ва илтиҷо кардам, ки Маҳкамов ва се тани дигар аз вазифаҳояшон бираванд. Аз вазифа падруд нагуфтанашон ба виҷдону имони онҳо вобаста аст. Иншоолоҳ шабҳо хоб мебинанд, ки ҳамон вақт Бурӣ Карим дуруст гуфта буд, ки агар мерафтем, ҳам худамон озодтар мебудем ва ҳам шармандавор баъдан аз вазифа намерафтему ҳам хуни ноҳақ намерехт. Лекин афсус, ки инсонҳо ҳамаамон хуни хом хӯрдаем.

Суол: Бо кадом роҳ он замон имкони пешгирӣ аз хунрезӣ вуҷуд дошт?

Ҷавоб: Сад дар сад вуҷуд дошт ва сабаби пешгирӣ нашуданаш фақат нарафтан аз вазифа аз тарафи роҳбарони кишвар буд. Ҳамчунин, Горбачёву Пуго супориши қатъӣ дода буданд, ки агар шумо аз вазифа равед, чунин силсила эътирозҳо дар дигар кишварҳои Шӯравӣ ҳам ба амал меояд ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба чунин роҳ аз байн меравад. Онҳо ҳамчун нафарони аз марказ шинонда шуда буданду дар кишвари мо ҳукмронӣ мекарданд, амри марказро иҷро карданд. Аз ҷумла, амри бародари бовафояш Пугоро Маҳкамов иҷро карда буд.



Суол: Пас аз ҳамин ҷост, ки бештар аз ҳодисаи таҳмили будани «Баҳманмоҳи хунин» сӯҳбат мекунанд? Ва бархе ҳам бар инанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои бақои худ мехост чунин ҳодисаҳоро созмон диҳад ва аз истиқлолхоҳии мардум ҷилавгирӣ кунад.

Ҷавоб: Не ин чизҳо нисбӣ ҳастанд. Ҳеҷ давлат ба фикри ман барои бақои худ чунин кор намекунад. Ин ҳама дар муддати солҳо ҷамъ шуда буд. Мардум аз он иттиҳоди пешинаи зӯракӣ ба дод омада буд. Гузашта аз ин, сатҳи зиндагии мардум боло набуд. Дар кишвари мо пас аз эълони бозсозӣ бояд ягон дигаргунии ҷиддӣ мешуд, вале нашуд. Бозсозӣ барои кишвари мо натиҷаи дилхоҳ надод. Ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ норозигии мардуми кишварро на танҳо Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Шӯравӣ низ ба бор оварда буд. Дар кишвари мо ҳам чунин буд ва мардум бо баҳонае зидди ҳукумат бархоста буд.

Муллоҳо мардумро ташвиқ мекарданд

Суол: Ба ҷуз ин ба назари шумо буданд, афроди алоҳида ё гурӯҳе, ки мардумро ба гирдиҳамоӣ ташвиқ мекарданд? Ҳодисаҳои «Баҳманмоҳи хунин»-ро дар назар дорам.

Ҷавоб: Шоҳидони зиёд мегӯянд, ки муллоҳо ташвиқ мекарданд. Бубинед, ки он замон бо баҳонаи бозсозӣ дари масҷидҳо кушода шуда буданд ва мардуми зиёде ба масҷид мерафт. Ба гуфтаи аксари шоҳидон, аз масҷидҳо мардумро ба хиёбон кашиданд. Он замон муллоҳо ҳам нав сар бардошта буданд ва бо ҳадафҳои номаълуми худ, онҳо ҳам мардумро шӯрониданд, вале зуд худро қафо кашиданд. Он вақт чанд муллоро ҳам барои оне, ки мардумро ба митинг даъват кардааст, ба пурсиш даъват карда буданд. Дигар намедонам, ки он пурсишҳо чӣ шуд. Аҷиб аст, ки баъди он «Кумитаи 17» ташкил шуд ва дар қатори дигарон як мулло ҳам буд, ки ҳоло касе ӯро ба ёд оварда наметавонад. Ин мулло дигар куҷо шуд, намедонам, ҳатто номашро ба ёд оварда наметавонам.

Суол: Шумо масалан ӯро дар ҷаласаҳо надида будед?

Ҷавоб: Не, шояд дида бошам, вале дар хотирам намондааст. Номашро ҳам аксарияти аъзоёни кумита намедонанд. Шояд ӯ дар ҳамон ҷаласаҳо иштирок дошт, вале баъдан куҷо шуд ва чӣ кор кард, касе намедонад. Аммо барои ба хиёбонҳо кашидани мардум, муллоҳо ҳам даст доштанд, вале баъде, ки куштор шуд, худро қафо кашиданд.

Суол: Назаре ҳам аст, ки гӯё он замон эмисарҳои озарӣ дар масҷидҳо омада, мардумро зидди арманиҳо ташвиқ мекарданд?

Ҷавоб: Инро шунида будам, вале бо чашми худ надидам. Шояд воқеият дошта бошад. Лек ҳар коре, ки шуд агар роҳбарон дипломатияро ба кор мебурданд ва он замон истеъфо медоданд, кор то ба ин дараҷа намерасид. Агар онҳо сари вақт истеъфо медоданд, ҳоло фикр мекунам, ки шояд ҷанги шаҳрвандӣ ҳам намешуд.
XS
SM
MD
LG