Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул инфиҷор рух додааст


Полиси Афғонистон мегӯяд, инфиҷоре дар Кобул як муҷтамаи тиҷоратӣ ва меҳмонсароро ба ларза даровардааст. Дар бораи талафот гузориш дода намешавад. Полис гуфтааст, гузоришҳои аввалия ҳокист, ки як бамгузори интиҳорӣ камарбанди мунфаҷираи худро дар дохили бино, ки дорои маркази тиҷоратӣ ва меҳмонсаро мебошад, мунфаҷир сохтааст. Аз 28-ӯми январи соли ҷорӣ то ҳол дар Кобул инфиҷоре рух надода буд. Дар инфиҷори 28-ӯми январ дар як мағозаи бузург 8 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG