Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акҳмадинежод ва Гул ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Имрӯз руасои ҷамоҳири Туркия ва Эрон дар Теҳрон мулоқот ва масъалаҳои тиҷоратии миёни ҳар ду кишварро баррасӣ карданд. Интизор меравад, ки Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ва Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия рӯйдодҳои ахири минтақа, аз ҷумла тағири қудрат дар Миср ва нақши Туркия дар музокироти ҳастаии Эрон ба шаш кишвари муҳими ҷаҳонро ба баррасӣ гиранд. Туркия, ки нисбат ба кишварҳои ғарбӣ бо Эрон роҷеъ ба масъалаҳои ҳастаӣ камтар мухолифат дорад, мизбони музокироти ахири ин кишварҳо бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии ин кишвар буд. Ба ин далел Эрон мехоҳад, ки Туркия ҳамчунон нақши миёнҷигарии худро дар ин музокирот ҳифз кунад. Дар ин боздид Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркияро Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷии Туркия ва 100 нафар тоҷирону бозаргонон ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG