Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар гуна иртибот бо Мусавиро мамнӯъ кардаанд


Сомонаи интернетии Мирҳусейн Мусавӣ-раҳбари мухолифони Эрон навиштааст, имрӯз полис рафту омад ба хонаи Мусавиро мамнуъ кардааст ва хати телефони вайро буридааст. Бад-ин тариқ полис мехоҳад аз баргузории раҳпаймоӣ пешгирӣ кунад. Ин раҳпаймоӣ барои имрӯз ба нақша гирифта шудааст. Меҳдӣ Каррубӣ ва Мусавӣ-раҳбарони мухолифон аз мақомот дархости иҷоза карда буданд, то барои ҳамрайӣ бо тазоҳуроти эътирозӣ дар Миср ва Тунис раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Вазорати корҳои дохилии Эрон ин дархостҳоро рад кард ва гуфт, мухолифон метавонанд як ҷо бо тазоҳуркунандагон дар кишварҳои арабӣ ҳамрайии худро баён кунанд, зеро дар он ҷо барои баргузории чунин тазоҳурот иҷоза додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG