Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Лавров аз Британия оғоз мешавад


Имрӯз боздиди дурӯзаи Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия аз Британия оғоз мешавад. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид бо Дэвид Камерон-нахуствазир ва Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷии Британия дидор ва гуфтугӯ кунад. Вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ин боздид заминаи боздиди ояндаи Дэвид Камерон-нахуствазири Британия аз Русияро фароҳам меорад. Равобити тиҷоратии миёни ин ду кишвар қаввист, вале муносиботи онҳо ба сабаби як силсила мубоҳисоти дипломатӣ сард шудааст. Русия то ҳол майл надорад шахси гумонбар ба куштори Александр Литвиненкоро ба Британия бозгардонад. Литвиненко яке аз мунаққидони Кохи Кремл буд ва вайро дар соли 2006 дар Лондон агентҳои Русия заҳролуд карданд. Дар яке дигар аз мубоҳисоти ахири миёни ду кишвар Русия ба хабарнигори рӯзномаи “Гардиан” муддате иҷоза надод вориди Русия шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG