Пайвандҳои дастрасӣ

Розия се сол пеш аз ҳамсараш, ки дар Русия аст, талоқи телефонӣ гирифт, аммо масъалаи алимент ҳалношуда боқӣ монд.

Хонум Розия мегӯяд, ду сол барои ситонидани алимент барои се фарзанди ноболиғаш талош кардааст, аммо додгоҳ то ба ҳол натавонистааст, арзашро барои баррасӣ бипазирад.

Ба гуфтаи ӯ, падари фарзандонаш ҳанӯз бидуни нишонии дақиқ дар Русия ба сар мебарад ва ҳеҷ кӯмаке ба фарзандонаш намекунад. Ва ӯ низ пас аз оне, ки даъвояшро додгоҳ барои баррасӣ қабул накард, худ дар ошхонае ба ҳайси пешхидмат фаъолият намуда, таъмини се фарзанди ноболиғашро ӯҳда намуда, аз баҳри дигарбора шикоят барои алимент ё худ кӯмаки молии шавҳар баҳри фарзандон даст кашидааст.

Ӯ гуфт: «Дигар аз баҳраш гузаштем. Ба Тоҷикистон наомад, ки суд барояш алимент муайян кунад. Фарзандон ҳам худашон калон хоҳанд шуд, зеро Худованд ризқи ҳар нафарро бо ҳар роҳ медиҳад. Аз гуруснагӣ фарзандонам намемиранд, вале агар падарашон кӯмак мекард, барояшон то хуб кӯдакиашонро мегузарониданд, хуб буд. Лек тавакалаш ба Худо, аз баҳри судбозӣ ҳам гузаштам.»

Муҳоҷирро ба додгоҳ кашида намешавад?

Аммо фаъолияти созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» дар минтақаи Кӯлоб нишон медиҳад, ки шумори чунин оилаҳо дар минтақа кам нестанд. Ӯ мегӯяд мо як лоиҳаро барои кӯмаки ҳуқуқи намудан ба оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз кардаем. Додарбек Сайдалиев, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Шаҳрванд» мегӯяд, давоми 11 моҳи ахир садҳо нафар аз чунин занон барои ситонидани алимент аз шавҳаронашон, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия ҳастанд, кӯмаки ҳуқуқӣ пурсидаанд.

«Занҳо аз мо мепурсанд, ки чӣ кор кунем. Шавҳаронамон дар Русия ҳастанд. Ба суд муроҷиат мекунем, изҳор медоранд, ки онҳо ягон одамкуш нестанд, ки мо аз Русия онҳоро гирифта Тоҷикистон биёрем».


Қонун пешбинӣ мекунад

Дар ҳамин ҳол, Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи додгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан, муроҷиати занҳое, ки аз шавҳаронашон чизе дарёфт намекунанд, рӯ ба афзоиш аст. Аммо онҳо тибқи қавонини ҷории кишвар наметавонанд, бидуни ҳузури шахси ҷавобгар, яъне шавҳари зани шикояткунанда арзи ӯро баррасӣ намоянд.

Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, қонун пешбинӣ мекунад, ки дар сурати даъвои чунин занҳо, додгоҳ метавонад, идораи ҳифзи иҷтимоиро масъул кунад, то барои фарзандони ӯ ҳақе пардохт кунад ва пас аз бозгашти шавҳари муҳоҷир додгоҳ, ӯро барои пардохти сарфи идораи ҳифзи иҷтмоӣ маҷбур мекунад. Аммо бо далели норӯшании кори муҳоҷирон додгоҳ то ҳол аз ин қонун кор нагирифтааст.

Раҳматуллоев афзуд: «Аксари муҳоҷирон ҷои кори аниқ надоранд. Онҳоро чӣ тавр барои алимент баргардонидан имкон дорад. Қонун наметавонад, дар чунин сурат бе ҳузури шахси ҷавобгар чора андешад».

Хонаводаҳои эҳтиёҷманд

Ин ҳам дар ҳолест, ки Гулчеҳра Муродова, масъули созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» мегӯяд, ҳангоми сӯҳбат дарёфтааст, ки ин хонаводаҳо ба кӯмаки молӣ эҳтиёҷ доранд. Ӯ мегӯяд, аз ин рӯ ниҳодҳои қонунгузор бояд барои рафъи ин мушкил чора биандешанд.

Вай гуфт: «Хубтараш, фикр мекунам, ки дар фурудгоҳҳо назорат кунанд, ки нафаре алимент насупоридааст ё аз андоз қарздор аст, хориҷа наравад. Ё роҳҳои дигарро пайдо кунанд, ки садҳо оила сарсону саргардон нагардад».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG