Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи Ҷоми ҷаҳонии дзю-до дар Будапешт


Рӯзҳои 12-ум ва 13-уми феврал яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии дзю-до байни мардон дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт баргузор шуд.

Гуштигирони Ҷопон дар се вазн пирӯз гардиданд. Дар чаҳор вазни дигар намояндагони Маҷористон, Черногория, Муғулистон ва Бразил ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, инчунин, паҳлавони тоҷик Абубакр Раҳмонов ширкат дошт. Вай афзуд: “Абубакр дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 килограмм дар даврҳои муқаддамотӣ бар рақибонаш аз Туркия ва Мексика пирӯз шуд. Вале баъдан аз гуштигирони Словения ва Ҳолланд шикаст хӯрд ва дар ҷои ҳафтум қарор гирифт. Ин мусобиқа ҳамзамон сабқати интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд. Абубакр Раҳмонов 16 имтиёз ба даст овард. Ӯ ҳамагӣ 20 имтиёзи олимпӣ дорад”.

Ба иттилои Ширинҷон Мамадсафоев паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев ба иллати лат хӯрдани дасташ ҳангоми тамрин дар Пориси Фаронса дар мусобиқаи Будапешт қувваозмоӣ накард. Воқеъан, Расул Боқиев бо 288 имтиёз дар феҳрист ё рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг дар ҷои 26-ум ва дар феҳристи олимпӣ дар ҷои 17-ум аст.

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи Гран-при, ки 19-ум ва 20-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонии дзю-до дар Будапешт:

Вазни -60 кг
1. ЯМАМОТО Хирофуми (Ҷопон)
2. ДАВТЯН Аванес (Арманистон)
3. КИТАДАЙ Фелипе (Бразил)
3. ШУКВАНИ Беткил (Гурҷистон)

Вазни -66 кг
1. МОРИШИТА Жунпей (Ҷопон)
2. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
3. ДУПРАТ Перре (Фаронса)
3. НАЗАРЯН Армен (Арманистон)

Вазни -73 кг
1. УНГВАРИ Аттила (Маҷористон)
2. УНГВАРИ Миклош (Маҷористон)
3. АВАНО Ясухиро (Ҷопон)
3. НАКАЯ Рики (Ҷопон)

Вазни -81 кг
1. МРВАЛЖЕВИX Срҷан (Черногория)
2. ШМИТТ Алаин (Фаронса)
3. КАРБЕЛАШВИЛИ Давид (Гурҷистон)
3. ВОРОБЁВ Иван (Русия)

Вазни -90 кг
1. НИШИЯМА Даики (Ҷопон)
2. МАГОМЕДОВ Комил (Русия)
3. НИШИЯМА Масаши (Ҷопон)
3. ШИРНХОФЕР Макс (Австрия)

Вазни -100 кг
1. НАИДАН Тувшинбаяр (Муғулистон)
2. ТЕМУУЛЕН Баттулга (Муғулистон)
3. МОУССИМА ЭВАНЕ Франк (Камерун)
3. ТАКАГИ Каихан (Ҷопон)

Вазни +100 кг
1. СИЛВА Рафаел (Бразил)
2. ЧЕРАЖ Матиаз (Словения)
3. САИДОВ Ренат (Русия)
3. ВЕРБИЖ Люк (Ҳолланд)
XS
SM
MD
LG