Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон меояд?


Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Сафорати Амрико дар Душанбе аз эҳтимоли сафари вазири умури хориҷии ИМА ба Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин бора Кеннетс Гросс, сафири Амрико дар Душанбе ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфтугӯ кардаанд. Бо ин вуҷуд, замони дақиқи сафари хонум Клинтон ба Тоҷикистон рӯшан нест.

Аммо дар ҳоле дар бораи ин сафари эҳтимолии вазири умури хориҷии ИМА ба Тоҷикистон сӯҳбат мешавад, ки ҳафтаи гузашта Ҷеймс Меттис, фармондеҳи марказии артиши Амрико дар сафари нахустинаш ба минтақа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот анҷом дод.
Бар асоси консепсияи хориҷии Амрико ин кишвар талош хоҳад кард, то дар Осиёи Марказӣ барои як давраи тӯлонӣ боқӣ бимонад ва вазъияти геостратегӣ дар минтақаро контрол ва ба сиёсати Русия, Чин, Эрон мухолифат кунад...


Дар ин мулоқот дар бораи мушкилоти минтақа табодули назар сурат гирифта, масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Амрико дар таъмини транзити колоҳо барои нерӯҳои Эътилофи зиддитеррористӣ низ баррасӣ шудааст.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, матраҳ шудани масъалаи амният аз сӯи фармондеҳи марказии артиши Амрикоро ба вазъ дар кишварҳои арабӣ рабт дод.

Вай гуфт, "нооромиҳо дар Тунис, Миср ва Яман мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист ва ба ин далел мақомоти аршади низомии Амрико аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, вазъи амниятиро ба хубӣ дарк кунанд."

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, афзуд, "бар асоси консепсияи сиёсати хориҷии Амрико ин кишвар талош хоҳад кард, то дар Осиёи Марказӣ барои як давраи тӯлонӣ боқӣ бимонад ва вазъияти геостратегӣ дар минтақаро контрол ва ба сиёсати Русия, Чин, Эрон мухолифат кунад. Ин талошҳо бар асоси сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон писанди ин ҷумҳурист, вале барои Кремлин қобили қабул нест."

Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ҳамкориҳои ин ду кишвар ва сафари Матлубхон Давлатов, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба Маскавро баррасӣ кардааст.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо аз сафари вазири дифои Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон низ хабар доданд. Ин сафар замоне ки фармондеҳи амрикоӣ аз Тоҷикистон дидан мекард, бояд иттифоқ меафтод. Вале Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ин сафари ҷаноби Сердюков ба мӯҳлати номуайяне ба таъвиқ гузошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG