Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон табдил шуд


Омори тоза аз нишондодҳои иқтисодии Ҷопон, нишон медиҳад, Чин аз он кишвар пеш гузашта ба дуввумин иқтисоди бузурги дунё табдил шудааст ва танҳо аз Амрико ақиб мемонад. Бино ба гузоришҳо, иқтисоди Ҷопон дар чаҳормоҳаи соли гузаштаи 2010 як аз даҳ як дар сад коҳиш ёфтааст, агарчӣ баъзе таҳлилгарон нишондоди аз ин бадтарро интизор доштанд. Аммо маҷмӯъи тавлидоти нохолиси миллии Ҷопон тақрибан панҷуним триллион долларро ташкил додааст, ки камтар аз ҳаҷми тавлидоти нохолиси Чин аст, ки он бештар аз 5 триллиону 800 миллиард долларро ташкил медиҳад. Коҳиши масрав ва тақозо дар Ҷопонро сабаби кунд шудани рушди иқтисодии ин кишвар медонанд.
XS
SM
MD
LG