Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Олӣ порлумони Мисрро пароканда кард


Шӯрои Олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср, порлумонро пароканда кард ва Қонуни Асосии ин кишварро ба ҳоли таълиқ даровард. Шӯрои олӣ бо нашри як баёнияи расмӣ аз тариқи телевизион ҳамчунин гуфт, ки то шаш моҳи оянда, то замони баргузории интихобот дар сари қудрат хоҳад монд. Дар порлумон, аксаран тарафдорони Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср буданд. Аймон Нур, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2005, Ҳуснӣ Муборакро ба чолиш кашид, иқдомоти артиши Мисрро пирӯз барои инқилоб дар кишвараш хондааст.
XS
SM
MD
LG