Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйи эътимоди порлумони Ироқ ба ҳашт вазир


Порлумони Ироқ рӯзи якшанбе номзадии ҳашт вазир ва се муовини раиси ҷумҳурро пазируфт, вале барои таъйини вазирони дифоъ, умури дохила ва амнияти миллӣ раъй надод. Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, муваққатан маъсулиятҳои ин се вазирро иҷро мекунад, ки бинобар ихтилофоти назар, ҳанӯз касеро дар ин мақомҳо таъйин накардаанд. Дар раъйдиҳии дирӯза, аз ҷумла вазирони тиҷорат, энержӣ ва умури занон раъйи эътимод гирифтанд. Аз муовинони раиси ҷумҳур Одил Абдул- Маҳдӣ ва Хузайр Аз Хазоӣ, шиъа ва Тариқ Ал-Ҳошимӣ суннимазҳаб аст.
XS
SM
MD
LG