Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти яманиҳоро пароканда карданд


Полиси Яман дирӯз ҳазорон тазоҳургарро аз маркази пойтахт шаҳри Санъо, пароканда кард. Онҳо се рӯз боз аст, ки бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва истеъфои раиси ҷумҳур раҳпаймоӣ доштанд. Тазоҳурот баъди рӯзи ҷумъа ва баъди он шурӯъ шуд, ки мардум дар шаҳри Санъо ҷамъ омада ва истеъфои Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Мисрро ҷашн гирифтанд. Яман яке аз чанд кишвари Ховари Миёна аст, ки мардумаӯ бо илҳом аз тазоҳуротҳои Мисру Тунис бо талаби ислоҳот рапҳпаймоӣ ва тазоҳурот мекунанд.
XS
SM
MD
LG