Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор низомии арманиро боздошт карданд


Дар Арманистон чаҳор низомиро дар иртибот ба марги як сарбози ҷавон боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, Геворг Котиниёни 19-соларо рӯзи шашуми феврал дар як воҳидии низомии воқеъ дар вилояти ҷудоихоҳи Кӯҳистони Қаробоғи Озарбойҷон мурда пайдо карданд. Ба гуфтаи муфаттишон, ин сарбозро ҳамхидматонаш то дами марг латукӯб кардаанд. Мақомоти Арманистон гуфтаанд, ду сарбоз ва ду афсари ҳамин воҳиди низомӣ бо иттиҳоми даст доштан дар марги Геворг Котиниён боздошт шуданд. Мавориди ҳалокати сарбозон дар Арманистон тайи чанд моҳи гузашта афзоиш ёфта ва сабаби хашми ҷомеаи ин кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG