Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Гардиан" раводиди Русияро дарёфт кард


Сафорати Русия дар Британия ба хабарнигори рӯзномаи "Гардиан", чопи Лондон, Люк Ҳардинг раводиди сафар додааст. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба раиси анҷумани хабарнигорони хориҷӣ дар Маскав Адиб Ал-Сайид иттилоъ додааст, ки Ҳардинг аллакай вориди Маскав шудааст. Худи хабарнигори “Гардиан” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алҳол вазъро ташреҳ карданӣ нест.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Русия ба Люк Ҳардинг иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд. Ба гуфтаи масъулини вазорати умури хориҷии Русия, хабарнигори бритониёвӣ қавонини сабти номи хабарнигори хориҷиро вайро карда, аз ҷумла, бидуни огаҳии пешакӣ ба минтақаи амалиёти зиддитеррористӣ рафтааст.
XS
SM
MD
LG