Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миср: Парлумон пароканда шуд


Низомиён барои барчидани чодарҳо аз майдони "Таҳрир" дар Қоҳира кӯмак мекунанд

Низомиён барои барчидани чодарҳо аз майдони "Таҳрир" дар Қоҳира кӯмак мекунанд

Шӯрои Олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср парлумонро пароканда ва Қонуни Асосии ин кишварро ба ҳоли таълиқ даровард.

Шӯрои олӣ бо нашри як баёнияи телевизионӣ гуфт, то шаш моҳи оянда, то замони баргузории интихобот дар сари қудрат хоҳад монд.

Дар парлумон, аксаран тарафдорони Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури барканоршудаи Миср буданд.

Аймон Нур, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2005, Ҳуснӣ Муборакро ба чолиш кашид, иқдомоти артиши Мисрро пирӯз барои инқилоб дар кишвараш хондааст.

Кобинаи вазирон низ таҳти раёсати Аҳмад Шафиқ фаъолияти худро идома медиҳад. Худи нахуствазир эълом дошт, ки вазифаи асосии ҳукумат – эҳёи низом баъд аз се ҳафтаи тазоҳуроти густурдаи мардумист.

Ин дар ҳолест, ки зиндагӣ дар Миср баъди бештар аз ду ҳафтаи тазоҳурот тадриҷан ба маҷрои пешинаи худ бармегардад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, бархе аз фурӯшгоҳҳо дари худро боз кардаанд. Низомиёни мисрӣ, ки поккории майдони "Таҳрир"-и Қоҳира машғуланд, ба ихроҷи охирин гурӯҳҳои эътирозгарон аз маркази шаҳр шурӯъ намуданд.

Аз ин пеш низомиён сангарҳоро бардошта, роҳро барои ҳаракати нақлиёт қисман боз намуданд.

Аммо ба назар мерасад, ки ошӯби мардуми Миср барои дигар кишварҳои арабӣ намуна шудааст. Дар Алҷазоир ҳазорон эътирозгар ба майдон рехта, истеъфои раисиҷумҳур Абдулазиз Бутефликоро талаб намуданд.
Мехоҳем, ки ҳуқуқҳои ҳама мардумро талаб намоем ва режимро сарнагун созем. Раисҷумҳур бояд чун Ҳуснӣ Муборак ва раисҷумҳури Тунис аз мақомаш барканор шавад...


Ҳафтаи гузашта раҳбари Алҷазоир эълом дошт, ки ба зудӣ вазъи фавқулодда дар кишварро лағв мекунад. Вазъи изтирорӣ дар Алҷазоир солҳои навадуми қарни гузашта, пас аз саркӯбсозии як ошӯби исломгароҳо ҷорӣ шуд. Дар он ошӯб тақрибан 200 ҳазор нафар кушта шуда буданд.

Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, низ рӯзи шанбе ҳазорон нафар ҷамъ омада, истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳро талаб намуданд.

Ҷонибдорони ҳукумат ва кормандони амниятӣ бо корду калтак онҳоро пароканда карданд. Аммо эътирозгарон мегӯянд, аз талоши худ барои аз байн бурдани режим даст бардоштанӣ нестанд.

Рӯзи якшанбе, 13-уми феврал, низ ҳазорҳо нафар боз ба хиёбонҳои Санъо рехтанд. Мақомоти амниятиву ҳифзи тартибот ин бор ҳам аз вуруди онҳо ба маркази шаҳр ҷилавгирӣ карданд.

Яке аз тазоҳургарони яманӣ Аҳмад Умар мегӯяд, “мо мехоҳем, ки ҳуқуқҳои ҳама мардумро талаб намоем ва режимро сарнагун созем. Раисиҷумҳур бояд чун Ҳуснӣ Муборак ва раисиҷумҳури Тунис ҳатман барканор шавад.”

Донишҷӯ Абдураҳмон Абдулло бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва меафзояд, "мардум аз раҳбари Яман шиканҷаи зиёд дидаанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG