Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни мисрӣ сари қудрат боқӣ хоҳанд монд


Низомиёни Миср, ки баъд аз истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак қудратро соҳиб шудаанд, имрӯз татбиқи Қонуни асосиро мутаваққиф ва парлумонро пароканда карданд. Дар изҳороти Шӯрои олии низомӣ гуфта шудааст, ки ин ниҳод тайи шаш моҳи наздик – то интихоботи нав сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
Кобинаи вазирон таҳти раёсати Аҳмад Шафиқ фаъолияти худро идома медиҳад. Худи сарвазир имрӯз эълом дошт, ки вазифаи асосии ҳукумат – эҳёи низом баъд аз се ҳафтаи тазоҳуроти густурдаи мардумист.
Имрӯз низомиёни мисрӣ ба ихроҷи эътирозгарон аз майдони Таҳрири Қоҳира шурӯъ карданд. Субҳи якшанбе ҳазорҳо нафар дар майдони Таҳрир боқӣ монда, изҳор намуданд, ки то таъсиси ҳукумати нав майдонро тарк нахоҳанд кард. Аз ин пеш низомиён сангарҳоро бардошта, роҳро барои ҳаракати нақлиёт қисман боз намуданд.
Аз ин пештар хабар дода шуда буд, ки мақомот ба чанд тан аз атрофиёни Ҳуснӣ Муборак, аз ҷумла, сарвазири пешин, собиқ вазири умури дохилӣ ва вазорати иттилоот иҷозаи хуруҷ аз кишварро надоданд.
XS
SM
MD
LG