Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиён эътирозгаронро аз майдон берун мекунанд


Низомиёни мисрӣ ба ихроҷи эътирозгарон аз майдони Таҳрири Қоҳира шурӯъ карданд. Субҳи имрӯз ҳазорҳо нафар дар майдони Таҳрир боқӣ монда, изҳор намуданд, ки то таъсиси ҳукумати нав майдонро тарк нахоҳанд кард. Аз ин пеш низомиён сангарҳоро бардошта, роҳро барои ҳаракати нақлиёт қисман боз намуданд.

Имрӯз дар Миср нахустин ҷаласаи Шӯрои олии низомӣ баъд аз истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак доир хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар он нахустин гомҳо дар самти ислоҳоти сохтори давлатӣ бардошта шавад.

Дар ҳамин ҳол дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои бузурги Миср зиндагӣ ба маҷрои қаблии худ ворид мешавад ва аз ҷумла, ба иттилоъи хабаргузориҳо, дукону мағозаҳо дарҳои худро боз хоҳанд кард.

Аз ин пештар хабар дода шуда буд, ки мақомот ба чанд тан аз атрофиёни Ҳуснӣ Муборак, аз ҷумла, сарвазири пешин, собиқ вазири умури дохилӣ ва вазорати иттилоот иҷозаи хуруҷ аз кишварро надоданд.
XS
SM
MD
LG