Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдгориҳои нодир ба Перу баргардонида мешаванд


Донишгоҳи Йели Амрико ба Перу тақрибан 5 ҳазор ёдгории замони тамадддуни инкҳоро бармегардонад. Ин ёдгориҳо - олоти кории сангӣ, маҳсулоти сафолӣ, устухонҳои одамону ҳайвонот - ҳудуди сад сол пеш аз шаҳракаи бостонии Мачу-Пикчу ба Амрико оварда шуда буданд. Қарор аст, ки онҳо дар осорхонаи нави фарҳанги инкҳо дар шаҳри Кускаи Перу гузошта шаванд. Ин осорхона аз сӯи донишгоҳҳои маъруфи Амрикову Перу ба таври муштарак идора мешавад.
Ёдгориҳоро соли 1912 донишманди донишгоҳи Йел Хайрем Бингкем, яке аз аввалин намояндагони тамаддуни ғарбӣ, ки дар кӯҳистони Перу шаҳраки бостонии Мачу-Пикчуро кашф карда буданд, ба Амрико оварда буд.
Соли 2008 мақомоти Перу ба хотири бозгардони ин ёдгориҳои нодир донишгоҳи Йелро ба додгоҳ кашида буданд.
XS
SM
MD
LG