Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар нишасти сарони ИМА, Афғонистон ва Покистон


Музокироти сарони Амрико, Афғонистон ва Покистон мавқуф гузошта шуд. Қарор буд, ки Барак Обама, Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ рӯзҳои 23 ва 24 феврал дар Вошингтон гуфтушунид анҷом диҳанд. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Амрико, "дар пасманзари дигаргуниҳои сиёсӣ дар Покистон ва баъди баррасиҳо бо намояндагони Кобулу Исломобод дар бораи мавқуф гузоштани музокироти сеҷониба тасмим гирифта шуд". Ва аммо санаи нави музокирот эълон нашудааст.
Ҳафтаҳои ахир баъди бо гумони куштор боздошти шудани корманди консулгарии Амрико дар шаҳри Лоҳур миёни Амрикову Покистон таниши дипломатӣ ба вуқӯъ пайваст. Дипломати амрикоӣ Раймонд Дэвис ду покистониро ҳадафи тир қарор дод – ба гуфтаи Дэвис, ин афрод ба ӯ ҳамла карда мехостанд ғораташ кунанд.
XS
SM
MD
LG