Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар талотӯб кушта шуданд


Дар Нигерия бар асари талотӯб дар як гирдиҳамоии сиёсӣ дасти кам 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи шанбе дар варзишгоҳи шаҳри Порт Ҳаркур, воқеъ дар ҷануби кишвар, ҳазорҳо нафар ба хотири пуштибонӣ аз раисиҷумҳур Гудлак Ҷонатан ҷамъ омаданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, талотӯб ҳангоми берун шудани мардум аз варзишгоҳ рӯх дод ва замоне, ки нерӯҳои амниятӣ барои таъмини низом сӯи ҳаво оташ кушоданд, даҳҳо нафар зери пойҳо монданд.
XS
SM
MD
LG