Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори баррасии мавзӯъи Миср шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз раҳбарони Бритониё, Урдун ва Туркия даъват намуд, ки ҳамроҳ ҳаводиси ахири Мисрро баррасӣ кунанд. Дар иттилоъи Кохи Сафед гуфта шудааст, ки Обама аз изҳороти ахири Шӯрои олии низомии Миср дар бораи содиқ мондан ба ҳама созишу ӯҳдадориҳои байнулмилаливу минтақаӣ, аз ҷумла, созиши сулҳ бо Исроил, истиқбол кардааст.
Раҳбари ИМА изҳор намуд, ки кишвараш барои кӯмак ба мардуми Миср дар роҳи гузариш ба демократия омода аст.
XS
SM
MD
LG