Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти норӯшани "зиндаятимон"


Наврасони бехонумон дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Акс аз бойгонӣ)

Наврасони бехонумон дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Акс аз бойгонӣ)

Масъулони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мегӯянд, дар тӯли чанд моҳи гузашта теъдоди тарбиятгирандагони ин мактаб афзудааст.

Намозхон Бобоев, раҳбари мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, гуфт, ҳоло 70 навраси оворагарад ва душвортарбияи аз 11 то 16-сола дар ин мактаб машғули таҳсиланд.

"Агар як омили афзоиши муроҷиат ба ин мактаб зиёд шудани кӯдакони дур аз тарбия ва хиёбонӣ бошад, сабаби дигар ин пешниҳоди тарҳи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд аст. Яъне, волидон аз тарси он, ки дар сурати қабул шудани ин қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, фарзандони ба қавле гапнодаро ва оворагарди худро аз бозору кӯчаҳо ҷамъ оварда, ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ меоранд",-афзуд ӯ.

"Зиндаятим"

Раҳбари мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ канор мондани кӯдакону наврасон аз таълиму тарбияро ба носолимии хонаводаҳо, ҷомеа ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ вобаста донист.

Аз сӯҳбат бо кӯдакони душвортарбия низ рӯшан мешавад, ки аксари онҳорокашмакашҳои пайвастаи волидон ё ҷудоии онҳо ба хиёбон ва ё
ҷинояткорӣ кашидааст.

Cобир ва Валиҷон, ду навраси тоҷик, то омаданашон ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ якдигарро намешинохтанд. Ҳоло онҳо дар як синф мехонанд, дӯсти назиканд ва тақдири яксон доранд. Ҳарду ҳам зиндаятиманд ва дурӣ аз меҳру оғӯш ва тарбияи модар, онҳоро водор кардааст, то аз мактабу хонаи падар фирор кунанд.

Аммо ба фарқ аз Собиру Валиҷон, ҳамсолони дигари онҳо Муроду Фирдавсро як сол қабл барои оворагардӣ ва дуздӣ ба мактаби махсуси душвортарбияҳо овардаанд.

Онҳо дар гурӯҳи ҷинояткорони хурдсолу наврас шомил буда, фурӯшгоҳҳоро ғорат мекардаанд. Фирдавс мегӯяд: "Ба фурӯшгоҳҳо, ки қуфли хитоӣ доштанд, медаромадем. Он ҷо компютер ва дигар чизҳо буд. Мо пул мегирифтем. Ҳамдигарамонро ба милисаҳо "намефурӯхтем".

"Мушкили молӣ"

Аммо дар ин миён буданд наврасоне, ки сабаби аслии аз мактаби миёна дар канор мондани худро дар вазъи бади молӣ, талаби маблағ аз сӯйи омӯзгорон ва камтаваҷҷӯҳии омӯзгорон ба онҳо медонанд.

Илҳом, ҷавони 16-солае, ки дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои рафтори хуби худ роҳбари бачаҳо интихоб шудааст, мегӯяд: "Дар мактаб мегуфтанд, ки пул оред. Муаллимон ҷанг мекарданд, дигар мактаб нарафтам. Баъд маро ба ин ҷо оварданд."
Дар замони Шӯравӣ ба онҳо имтиёз буд, ҷойи кор, хобгоҳ буд, аммо ҳоло ҳамаро гирифтаанд...


Ҳангоми сӯҳбат бо наврасон, модаре ба аёдати фарзандаш ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ омад. Ӯ мегӯяд, "ҳеҷ модар намехоҳад ҷигарбандашро аз худ дур кунад", аммо иқрор мекунад, ки ба танҳоӣ аз ӯҳдаи тарбияи фарзандаш набаромада, ӯро ба ин мактаб овардааст.

"Писарам маро гӯш намекард. Ба мактаб намерафт, дар телевизиони "Баҳористон" ин мактабро дидам, ин ҷо овардам, ба умеде, ки ислоҳ шавад. Ҳоло хеле хуб шудааст, ҳар рӯз дарс мехонад",-гуфт ин модар.

Бо ин вуҷуд, масъулини мактаб ва бархе аз коршиносон мегӯянд, мушкилиаслӣ дар он аст, ки баъд аз хатми мактаби вижа ва омӯзишгоҳу донишкадаҳо, тақдири аксари ин наврасони ба ном душвортарбия норӯшан боқӣ мемонад.

"Сарнавишти норӯшан"

Коршиносон мегӯянд, онҳо дур аз хонавода тарбия ёфта, як муддат зиндагии озоду хиёбонӣ доштанд ва дар сурати бе назорат бе ҷои зисту кор мондан, метавонанд дубора ба зиндагии қаблии хеш, оворагардӣ ва ҷинояткорӣ баргарданд.

Гуфта мешавад, маҳз набуди як сохтори вижае, ки баъди ба ҳаёти мустақилона қадам мондан онҳоро ба оғӯш бигирад, боис шудааст, ки чандин наврас аз мактаби вижаи ҷумҳуриявӣ ва омӯзишгоҳ боз ба маҳбас рафтаанд.

Мунира Иноятова
Мунира Иноятова, ҷомеашиноси тоҷик дар ин замина гуфт: "Бояд як барномаи давлатӣ ё барномаи вижае бошад, ки роҳи ин наврасонро баъд аз 16-солагӣ мушаххас кунад. То он даме ки онҳо аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ худро идора карда тавонанд. Дар замони Шӯравӣ ба онҳо имтиёз буд, ҷойи кор, хобгоҳ буд, вале ҳоло ҳамаро гирифтаанд."

Ба гуфтаи хонум Иноятова, дар акси ҳол, ин наврасон пас аз хатми мактаби махусус сафи ҷинояткоронро пур мекунанду ба ашхоси хатарнок дар ҷомеа табдил меёбанд.

Бо вуҷуди он ки бо баъзе тафовутҳояшон аз дигар наврасон, ин гурӯҳи наврасон ҳам мисли аксар ҳамсолонашон рангину ширин аст. Ҳамаи онҳо дар дил орзуи шахси баобрӯ ва вазифадор шуданро мепарваранд, то дар оянда тавонанд ба фарзандони худ шароити беҳтари зиндагиро фароҳам оваранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG