Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз Мисру Тунис, навбати кист?


Эътирозгарон дар Яман канорагирии раисҷумҳури ин кишвар аз қудратро талаб доранд

Эътирозгарон дар Яман канорагирии раисҷумҳури ин кишвар аз қудратро талаб доранд

Ҳамзамон бо идомаи "ҷашн"-и мардуми Миср ба муносибати сарнагунии Муборак, аз идомаи эътирозҳо дар Яману Алҷазоир хабар мерасад.

Дар Яман, ки мардум шоҳиди ҳукуматронии тӯлонии Алӣ Абдулло Солеҳанд, эътирозҳо ба ҳадде будааст, ки оқои Солеҳ барои хомӯш кардани садои мардумаш ваъда дод, дигар дар интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар номзад нахоҳад шуд.

Аммо ба назар мерасад, ваъдаи Алӣ Абдулло Солеҳ мухолифони ӯ дар Яманро розӣ накардааст.

Чаро ки ба навиштаи аксар хабаргузориҳо, рӯзи шанбе "чанд ҳазор донишҷӯ" бо гирдиҳамоӣ дар маркази Санъо, пойтахти Яман, хостори канорагирии ӯ аз қудрат шудаанд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман, ки акнун ба мухолифати шадиди мардумаш рӯбарӯ шудааст

Ин мӯътаризони умдатан ҷавон, ки теъдоди онҳо 4 ҳазор тахмин зада шудааст, шиор медодаанд, ки "Пас аз Муборак, навбати Алӣ аст."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо менависанд, ду ҳазор тазоҳуркунанда барои ширкат дар як роҳпаймоӣ, ки аз сӯи давлат мамнӯъ эълон шудааст, дар Алҷазира, пойтахти Алҷазоир, низ гирди ҳам омадаанд.

Гуфта мешавад, тақрибан 30 ҳазор нерӯи пулис дар масири эъломшудаи роҳпаймоӣ мустақар ва то кунун чандин нафар аз мӯътаризон ба дасти онҳо боздошт шудаанд.

Ҳукумати Алҷазоир ҳафтаи гузашта барои он ки аз ин роҳпаймоӣ ҷилавгирӣ кунад, ваъда дод, ба вазъияти изтирории 19-сола дар ин кишвар поён диҳад ва озодиҳои сиёсӣ ва мадании бештаре барои мардум худ фароҳам кунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Баҳрайн гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи 14 феврал дар намоиши эътирозӣ алайҳи поймолшавии ҳуқуқҳои аққалиятҳои шиа ширкат намоянд.

Мақомоти Кувайт баргузории ҳама гуна намоишҳои оммавӣ баъд аз намози ҷумъаро манъ кардаанд.

Гурӯҳи ходимони ҷамъиятӣ аз шоҳи Арабистони Саудӣ хостаанд, ки барои ташкили ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумат иҷоза диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG