Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши расмӣ ва назари аҳзоб ба истеъфои Муборак


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мавқеи расмии ин кишвар дар баробари ҳаводиси Мисрро эълон кард.

Дар изҳороти вазорат вазъи ҳоким дар Миср «ҳассос ва сарнавиштсоз» арзёбӣ ва ҳамзамон «изҳори боварӣ» мешавад, ки «ниҳодҳои давлатӣ »-и ин кишвар ҷиҳати «ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ» талош хоҳад варзид.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба сабаб ва заминаҳои таҳаввулоти охири Миср ишора накарда ва пайомадҳои эҳтимолии ин ҳаводисро шарҳ надодааст.

Аммо бархилофи изҳороти расмии давлат, назар ва мавқеи аҳзоби сиёсӣ ва ба хусус аҳзоби мухолиф рӯшану ошкортар ба назар мерасад.
Саидумар Ҳусайнӣ
аст. Масъулони ин ҳизбҳо истеъфои Ҳуснӣ Муборак аз мақоми раёсати ҷумҳурии Миср дар пайи пофишории мӯътаризонро оғози заволи низомҳои худкома ва дарозумр дар саросари олам унвон карданд.

Ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Сайидумар Ҳусайнӣ. истеъфои Муборакро пирӯзии ҷавонони Миср унвон ва мисриёнро «қаҳрамони имрӯзии ҷаҳон» хонд. Ба андешаи Ҳусайнӣ, инқилоби мисриён пояи зулм ва худкомагиро шикаста, мардум нишон доданд, ки ҳар гуна сабру тоқатро низ марзу ҳадде ҳаст.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳуқуқшинос,
Раҳматулло Зойиров, бо истиқбол аз натоиҷи тазоҳуроти мардуми Миср мегӯяд, таъсири он новобаста аз майл ва иродаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва ё ҳукумат, ба Тоҷикистон хоҳад расид. Ҳоло, ки давлат худро пойбанди гирифториҳои идеологӣ
Раҳматулло Зоиров
карданист ва бо ин васила мехоҳад, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба дигар сӯ бикашад, аммо муваффақ нахоҳад шуд. Зеро технологияи иттилоотӣ ба ҳадде пешрафта аст, ки фурсати бештар барои низомҳои авторитариро намедиҳад.

Аммо бархе дигар аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар пайи ин таҳаввулот ҳокимият ба дасти низомиён гузашт, ин масъаларо низ матраҳ мекунанд, ки дар чунин шароит чи тавр метавон ба тағйири демократӣ нойил шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин низомиён парвардаи замони раҳбарии Ҳуснӣ Муборак ҳастанд.

Аз сӯи дигар на ҳама инқилобҳои мардумӣ аз ҷумла инқилоби қирғизҳо дар соли 2005, ки Қурмонбек Боқиевро рӯи кор овард хостаҳои мардумро бароварда накард ва ин мардум баъди панҷ сол дубора ҳокимиятро сарнагун карданд. Саймуддин Дӯстов, коршиносои мустақили тоҷик мегӯяд, акнун танҳо метавон ба нерӯҳои сиёсӣ ва ҷавонони Миср умед баст, ки аз ин инқилоб бар суди демократия истифода кунанд.

Бо ин ҳол бештари коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, баъид ба назар мерасад, ки аз таҳаввулоти кишварҳои арабӣ аз ҷумла Туннис ва Миср бархе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна сабақ бигиранд.

Зеро, ба гуфтаи коршиносон, табиати низомҳои худкома ин аст, ки бо вуҷуди нишонаҳои ошкори афзоиши эътироз дар ҷомеаи гирифтори фақр, фасод, бекорӣ ва ҷабр, ба ислоҳи вазъ намекунанд, балки бештар дар фикри ҳифзи ҳокимияти худ мешаванд.Онҳо замоне ба ҳуш меоянд, ки қисмати Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев ва ё Бен Аливу Ҳуснӣ Муборакро худ таҷриба кунанд, вале он вақт ҳама фурсат барои тадбирҳои изтирорӣ боқӣ намемонад.
XS
SM
MD
LG