Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Озод" аз ширкат дар интихобот сарпечӣ кард


Амирҷон Косанов

Амирҷон Косанов

Ҳизби мухолифи ҳукумати Қазоқистон "Озод" дар интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора имрӯз дар анҷумани ҳизб тасмим гирифта шуд. Амирҷон Косанов, раиси ҳизби “Озод” аз раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев даъват намуд, ки аз доир кардани интихоботи қабл аз вақт худдорӣ кунад ва ин маъракаро соли 2012 баргузор кунад. Соли 2012 мӯҳлати президентии Назарбоев анҷом меёбад.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Комиссиюни марказии интихоботии Қазоқистон Назарбоевро ба ҳайси номзад ба мақоми раисиҷумҳур сабти ном кард ва акнун ӯ метавонад ба ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ кунад. Як рӯз пеш Назарбоев дар анҷумани ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад боз ба мақоми сарвари кишвар пешбарӣ шуд.

Қарор аст, ки интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Қазоқистон 3 апрели соли равон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG