Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҷаҳони варзиш”: Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон


Ин ҳафта ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2010-ум, мукофоти Федератсияи футболи Тоҷикистон супурда шуд.

“Истиқлол” бо ҷоми қаҳрамонӣ, раҳбарону мураббиён ва бозигарони даста бо медалҳои тиллои мусобиқоти лигаи олии футболи кишвар сарфароз гардиданд.

Олимҷон Рафиков - барандаи ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол”

Инчунин дар ин маросим ба Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи “Истиқлол”, ки беҳтарин мураббии сол эътироф шудааст, ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим шуд. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Мо ҳоло бо кори маъмулӣ машғулем ва ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинем. Ба ҳайати даста мо имсол чаҳор нафарро аз бошгоҳҳои футболи кишвар даъват намудем, ки дар Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд дар шаҳри Санкт-Петербург хуб ҳунарнамоӣ
карданд. Инҳо дарвозабон Фарҳод Юлдошев ва ҳимоятгар Акмал Сабуров, ҳарду аз тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов, аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ва ҳамлагар Комил Саидов, аз ССКА “Помир”-и Душанбе мебошанд. Инчунин, ду легионер аз Русия ҳоло мавриди санҷиши мо қарор доранд. Яке ҳимоятгар Руслан Рафикови 24-сола ва дуввумӣ нимҳимоятгар Александр Кудряшови 21-сола мебошанд, ки дар тимҳои дивизиони дуввуми Русия бозӣ кардаанд. Мо ба ҳеҷ кас ҷой ваъда намекунем. Ҳар кас мувофиқи меҳнаташ музд мегирад, ҳеҷ гуна хотирбинӣ намешавад”.


Олимҷон Рафиков дар идомаи сӯҳбат иброз дошт, ки соли 2011-ум барои дастаи “Истиқлол”-и Душанбе соли душвор хоҳад шуд. Зеро ки “Истиқлол” ҳамчун барандаи Ҷоми олӣ ва Ҷоми Тоҷикистон, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии кишвар барои нигаҳ доштани ин унвонҳои баланд мубориза хоҳад бурд. Ҷаноби Рафиков афзуд: “Мусобиқаи аслӣ барои мо ин сабқати лигаи олии кишвар аст. Пеш аз оғози ин мусобиқот дастаи “Истиқлол” 3-юми апрел барои Суперкубоки Тоҷикистон бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад. Баъдан мо ҳамчун ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии соли гузашта Тоҷикистонро дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё намояндагӣ хоҳем кард”.

Юсуф Рабиев - соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин футболбози сол”

Ҳамлагар Юсуф Рабиев, капитани дастаи «Истиқлол», ки беҳтарин бозигари сол эълон шудааст ва бо 30 гол беҳтарин нишонзани мусобиқаи порсола гардид, бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи кишвар сарфароз гашт.

Инчунин Юсуф Рабиев, ки ба қатори 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2010-ум дохил шудааст, бо дипломи Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Юсуф Рабиев
Юсуф Рабиев зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия футболбозони тоҷик таҷоруби хуб касб карданд. Ӯ аз натоиҷи бозии дастааш, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба чаҳорякфинал баромад, изҳори қаноатмандӣ кард. Вале Юсуф аз он таассуф хӯрд, ки дар нимаи дуввуми бозии сабқати гурӯҳӣ бо дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон пояш сахт лат хӯрдааст ва феълан таҳти назорати духтурон қарор дорад. Аммо бовар дорад, ки пас аз муолиҷа дар нахустин бозии мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ширкат хоҳад кард.

Мавсими нави футбол бо Ҷоми Рустам Долтабоев оғоз ёфт

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 10-уми феврал бо мусобиқот барои Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, футболбози маъруфи тоҷик, оғоз ёфт. Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешавад, баъдан 8 дастаи беҳтарин дар марҳилаи ниҳоӣ дар пойтахти кишвар барои Ҷом талош хоҳанд кард.

Ҷаноби Давлатов , инчунин, иброз дошт, ки бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми кишвар дар соли 2010-ум, ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти порсола, рӯзи 3-юми апрел дар вилояти Хатлон баргузор мешавад. Макони баргузории ин бозӣ дертар муайян хоҳад шуд.

Шералӣ Давлатов дар идомаи сӯҳбат гуфт: ”Дар як ҷаласаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки бо ширкати намояндагони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва аввали кишвар доир шуд, тарзи баргузории мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии лигаи олии кишвар, ки авоили моҳи апрел шурӯъ мешавад, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар мусобиқоти имсола ба ғайр аз 9 дастае, ки соли гузашта дар лигаи олӣ иштирок доштанд, ҳамчунин, тими «Шодмон»-и Ҳисор, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи лигаи аввал, ширкат хоҳад кард. Дар бораи тарзи баргузории мусобиқаи имсолаи кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ пешниҳоди гуногун шуд. Бархе тарафдори дар ду давра гузаронидани мусобиқот, дигарон дар се ва чаҳор давра ҳастанд. Вале мо ба як хулосаи амиқ наомадем. Ин масъала баъди муайян шудани шумораи дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқот бори дигар бо намояндагони бошгоҳҳои лигаи олӣ баррасӣ хоҳад шуд».

Шералӣ Давлатов, инчунин, иброз дошт, ки ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон барои дастаҳои лигаи олӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва барои дастаҳои лигаи аввал ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Ахбори варзишӣ

Ҳафтумин давраи Бозиҳои зимистонаи осиёӣ бо пирӯзии дастаи мизбон - мунтахаби Қазоқистон ба анҷом расид. Дар мусобиқот аз рӯи 11 навъи варзиш беш аз 1000 варзишгар аз 27 кишвари Осиё тӯли як ҳафта қувваозмоӣ карданд. Ҳамагӣ варзишгарони 8 кишвар медалҳои Бозиҳоро ба даст оварданд. Қазоқистон бо касби 70 медал дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал қарор гирифт. Мунтахаби Ҷопон бо касби 54 медал ҷои дуввум ва тими Куриёи Ҷанубӣ бо касби 38 медал ҷои севумро соҳиб шуданд. Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо ду нафар - Алишер Қудратов ва Абдуғаффор Шарифов дар сабқати лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд. Вале лижаронҳои тоҷик аз нишони Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ бенасиб монданд.

Универсиадаи 25-уми зимистонаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Эрзуруми Туркия дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Русия ба анҷом расид. Русиягиҳо 14 медали тилло, 14 нуқра ва 10 нишони биринҷӣ гирифтанд. Мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо касби 15 медал, аз он ҷумла 7 медали тилло дуввум шуд. Мунтахаби Укроин бо касби 15 медал, минҷумла 6 нишони тилло ҷои севумро соҳибӣ кард. Умуман, варзишгарони 23 кишвар медалҳои Универсиадаро ба даст оварданд. Донишҷӯёни 16 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Рафаэл Надали испонӣ, пешсафи феҳристи тенниси ҷаҳонӣ байни мардон, ва Линдсей Вонни амрикоӣ, қаҳрамони олимпӣ миёни занон дар лижаронии кӯҳӣ, ҳамчун беҳтарин варзишгарони соли 2010-ум бо ҷавоизи Laureus World Sports Awards мукофотонида шуданд. Маросими мукофотсупорӣ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Дар ин маросим, инчунин, ҷоизаи «Беҳтарин тими сол» насиби дастаи мунтахаби футболи Испания, қаҳрамони ҷаҳон, гардид.

Даври аввали сабқати пурнуфузи байналмилалии дзю-до бо номи “Тоскулоҳи бузург” дар Фаронса бо ширкати беш аз 500 варзишгари зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Дар сабқати мардон гуштигирони Ҷопон дар се вазн пирӯз гардиданд. Дар чаҳор вазни дигар намояндагони Узбакистон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳолланд ва Фаронса ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар ин мусобиқа, инчунин, ду паҳлавони тоҷик - Расул Боқиев ва Абубакр Раҳмонов ширкат варзиданд. Вале ҳарду аз нишонҳои мусобиқот бенасиб монданд. Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм дар даври аввал бар рақибаш Нугзар Таталашвили, аз Гурҷистон, дастболо шуд. Аммо дар даври баъдӣ аз гуштигири ҳолландӣ Декси Элмонту шикаст хӯрд. Дар ин вазн Рики Накаяи ҷопонӣ пирӯзӣ ба даст овард. Ин мусобиқа ҳамзамон сабқати интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд. Расул Боқиев барои як ғалаба 36 имтиёз ба даст овард.

Абубакр Раҳмонов бошад, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 килограмм дар нахустин қувваозмоӣ аз Дениэл Эрнандеси бразилӣ мағлуб гашт. Дар ин вазн Тедди Ринери фаронсавӣ мақоми аввалро касб кард.

Расул Боқиев ва Абубакр Раҳмонов ин моҳ боз дар ду мусобиқаи байналмилалӣ - 12-уми феврал дар Будапешти Маҷористон дар Ҷоми ҷаҳон ва 19-уми феврал дар Олмон дар Гран-при ширкат хоҳанд кард.

Фарҳод Анақулов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи гуштии озод барои ёдбуди Устоди шистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Виктор Новожилов дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ гуштигирони собиқ кишварҳои шӯравӣ ширкат карданд. Фарҳод Анақулов дар вазни то 96 килограмм ҷои севумро касб кард. Дар ин вазн 12 нафар қувва озмуданд.
XS
SM
MD
LG