Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев боз номзад ба мақоми раисиҷумҳур шуд


Комиссиюни марказии интихоботии Қазоқистон хабар дод, ки Нурсултон Назарбоев ба ҳайси номзад ба мақоми раисиҷумҳур сабти ном шудааст ва метавонад ба ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ кунад. Як рӯз пеш раисиҷумҳури феълӣ дар анҷумани ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад боз ба мақоми сарвари кишвар пешбарӣ шуд.

Масъулини Комиссиюни марказии интихобот гуфтаанд, ки аризаи Назарбоев ба Қонуни асосӣ ва Қонун дар бораи интихобот комилан мутобиқ аст. Нурсултон Назарбоев беш аз 20 сол боз раҳбарии Қазоқистонро бар дӯш дорад.

Қарор аст, ки интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Қазоқистон 3 апрели соли равон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG