Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии кишварҳои арабӣ аз имкони ташаннуҷи авзоъ


Дар бархе кишварҳои арабӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ташкили нооромиҳо дар пайравӣ ба ҳаводиси Тунис ва Миср чораҳои амниятӣ тақвият дода шуданд.
Имрӯз ба маркази шаҳри Алҷазоир нерӯҳои иловагии амниятӣ интиқол ёфтанд – мухолифини ҳукумати Алҷазоир мехоҳанд дар он ҷо намоиш бо талаби озодиҳои шаҳрвандиро ташкил кунанд. Дар Баҳрайн гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи 14 феврал дар намоиши эътирозӣ алайҳи поймолшавии ҳуқуқҳои аққалиятҳои шиа ширкат намоянд. Мақомоти Кувайт баргузории ҳама гуна намоишҳои оммавӣ баъд аз намози ҷумъаро манъ кардаанд. Гурӯҳи ходимони ҷамъиятӣ аз шоҳи Арабистони саудӣ хостанд, ки барои ташкили ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумат иҷоза диҳад.
XS
SM
MD
LG